Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Татбиқи созишнома дар самти қувваи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ гардид

Татбиқи созишнома дар самти қувваи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ гардидХабар дода мешавад, ки бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои марбут ба татбиқи созишномаи амалкунанда дар самти қувваи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии вазъи бозори меҳнат 9 декабри соли 2021 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ бо Сафири давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдуллоҳ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳи тарафайн, аз ҷумла марбут ба татбиқи созишномаи амалкунанда дар самти қувваи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар, инчунин масъалаҳои марбут ба соҳаҳои меҳнат, аз ҷумла роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои минбаъда дар самти муҳоҷират ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ба муҳимияти масъалаҳои бозори меҳнат, касбомўзӣ, равандҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ дар бозори байналмилалии меҳнат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ ва раванди демографӣ будани муҳоҷират таъкид намуда, ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳо таъкид намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот, ҳиҳати ҳусни тафоҳум дар густариши ҳамкориҳои тарафайн ва рушди муносибатҳо дар самти меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва бозомўзию рушди ҳунармандӣ ҷонибҳо туҳфаҳои хотиравиро ба якдигар тақдим намуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин