Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба ваксинатсия дар шаҳри Хуҷанд

Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба ваксинатсия дар шаҳри ХуҷандХадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирус ҳамарўза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва аксияву тадбирҳои амалӣ ҷиҳати рафъи ин беморӣ сурат гирифта истодаааст.

Бахусус даъвати мардум ба маъракаи эмгузаронӣ асоси фаъолияти аъзои ситоди шаҳрӣ гардидааст. Ин иқдом барои ҷалби аҳолӣ ба ваксинатсия идома хоҳад ёфт.

Дар мавзеъи Регистони бозори “Панҷшанбе” бо иқдоми Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби сироятшиносон, духтурони маркази саломатии №3, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ризокорон аксияи густурдаи эмгузаронӣ ташкил карда шуд, ки дар натиҷа беш аз 30 нафар шаҳрвандон ваксина гирифтанд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо сокинони шаҳри Хуҷанд бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин