Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

Рӯҳи Мавлоно – меҳмони хонаи адибон

Рӯҳи Мавлоно – меҳмони хонаи адибонИмрӯз, 17 декабр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Мавлоно ва 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ ва ҳунарӣ баргузор гардид, ки дар он олимону донишмандон, адибону донишҷӯён ва алоқамандони шеъру ҳунар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҳфил аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қироат гардида, ғазалҳои ин шоири саршинос аз сӯйи овозхонҳои тоҷикистониву афғонистонӣ сароида шуд. Ҳамчунин китоби “Мақоми Мавлоно аз нигоҳи шуаро” дар таҳияи Муҳаммад Ҷаъфари Ранҷбар ва “Асрори Рӯмӣ” дар тарҷумаи профессори тоҷик Парвона Ҷамшед рӯнамоӣ гардид, ки ба гуфтаи пажӯҳишгарон, асари арзишманду пурбаҳра аст.

Маҳфили мазкур бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Китобхонаи устод Халилуллоҳ Халилӣ барпо гардид.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин