Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

БАРОИ МУҲИМТАРИН ҲАДАФҲО

БАРОИ МУҲИМТАРИН ҲАДАФҲОДар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар (26 январи соли 2021) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, ҳатмӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар замоне, ки ҷаҳон ба таври кайҳонӣ пеш меравад, донистани ин ду забон ногузир мебошад. Албатта, дар тамоми зинаҳои таҳсилот ин забонҳо омӯхта мешаванд. Ба ҷуз ин, марказҳои омӯзишӣ дар ин самт фаъоланд, вале назорати қатъии сифати таълим низ бояд беҳтар аз пештар гардад.
Дастовардҳо дар ин соҳа назаррасанд. Далели рӯшани он таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Хуб аст, ки дар кишварҳои хориҷӣ 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳо таҳсил менамоянд. Аммо дар кадом сатҳ? Омӯзиши онҳо оё ҷавобгӯи талаботи давр ҳаст ё не? Инчунин, имкони назорати сифати омӯзиши онҳо мавҷуд мебошад?
Бархе аз ин ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои таълимии ин кишварҳо ба Тоҷикистон бармегарданд, аммо аз рӯи ихтисос ба кор пазируфта намешаванд. Ногузир онҳо тарки кишвар мекунанд ва аз донишу омӯзиши онҳо дигарон истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки ин ҷавонон ба зиндагӣ, ба кор тамоман дигар хел, албатта, ба маънои мусбаташ, назар доранд ва мехоҳанд фаъолияти густурда дошта бошанд. Мутаассифона, ин гуна иқдомҳо на дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо хуш пазируфта мешаванд. Маҳдудиятҳои фикрӣ низ ба ин гуна амалҳои нек монеа эҷод мекунанд.
Замон ҳамеша дар ҳоли пешрафт аст. Наметавон бинои тафаккури навро бо хишти куҳна сохт.
Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат тамоми тадбирҳои заруриро дар ин росто андешидаанд ва бояд мувофиқи дастури он аз ин неруҳои тоза дар ободониву пешрафти мамлакат истифода бурд.
Ин ҷавонон, ҳамчунин, барои муаррифии бештару беҳтари кишвар ва дастовардҳои он дар арсаи байналмилалӣ бояд саъй ба харҷ диҳанд.
Навомӯзони забонҳои хориҷӣ, хосса забонҳои русӣ ва англисӣ, ба моҳияти ду масъалаи асосӣ зарур аст, ки ошно бошанду сарфаҳм бираванд. Нахуст, моҳияту манфиати донистани забонҳо ва дувум, доштани муҳаббату самимият ба онҳо.
Бешак, агар моҳияту манфиати онҳоро донанду истифода бурда тавонанд, шавқу рағбаташон ба омӯзиши забонҳо меафзояд. Пайваста барои такмили худ ба адабиёт рӯ меоранд.
Дар ҳар кор агар муҳаббату самимият дар инсон набошад, муваффақ гардида наметавонад.
Омӯзгор батадриҷ ин ду навъи тухмро дар замири дили омӯзанда бояд кошта битавонад. Ҳамчунин, огоҳона ӯро раҳнамоӣ намояд, неруяш бубахшад, то аз мушкилот наҳаросад. Ба ҷуз ин, умедаш бубахшад, ки ӯ худ метавонад мураккабтарин масъалаҳоро дар ин соҳа дуруст дарк ва мустақилона ҳал намояд. Дар омӯзиши ин забонҳо омӯзгор бояд барои боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, шинохти арзишҳои миллӣ саҳм бигирад, то дар ҳар куҷое, ки бошад, ба манфиати миллат ва кишвари азизаш фаъолияти пурсамар дошта бошад.
Сарвари давлат дар ин Паём барҳақ иброз доштанд, ки: «Таҳким бахшидан ба нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад».

Азиза ҒАФУРОВА, омӯзгор
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин