Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Эмомалӣ Раҳмон: Мардуми Афғонистон гуноҳ надорад

Эмомалӣ Раҳмон: Мардуми Афғонистон гуноҳ надорад“Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд. Ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар ба амал омада, гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва фарҳанги бисёр қадимаи Афғонистон нест. Балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ва корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад”,- ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.

Президенти кишвар иброз намуданд, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатдор ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ ва сулҳ дар Афғонистон мебошад.

Зикр шуд, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки дорнад, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст оранд. Яъне шарти сохтори давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда мешавад.

Бояд гуфт, ки имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор орад.

“Дар робита ба ин ба мардум зарардидаи ин кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани кумакҳои башарии мақсаднок амри зарурӣ шуморида мешавад.

Дар ин раванд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар доираи имкон ба мардуми дӯсту бародари Афғонистон барои кумаки гуманитарӣ чораҷӯйи намоянд”, – гуфтанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин