Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Дар Тоҷикистон суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид

Дар Тоҷикистон суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардидДар шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешид, ки дар натиҷа соли 2021 суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд.

Зикр карда шуд, ки рушди иқтисодӣ дар ин давра аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23 фоиз ва гардиши савдо 13 фоиз таъмин карда шуд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ иҷро шуда, даромади пулии аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 15 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 75 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Вале ба гуфтаи Пешвои миллат, дар кишвар захираву имконият барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум ҳанӯз хеле зиёданд.

«Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки соли 2022 барои самаранок истифода намудани имконияту иқтидорҳои мавҷуда, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани суръати рушди иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешад»,- изҳори назар намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин