Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат фарҳанг асоси тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таърих арзёбӣ гардид

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат фарҳанг асоси тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таърих арзёбӣ гардидПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, ки дирӯз, 21 декабр ироа гардид, фарҳангро омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таърих арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат бо ифтихормандӣ ёдрас шуданд, ки “панҷ рӯз пеш аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо — «Фалак» ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Яъне фалак мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Моҳи октябри соли равон аввалин маротиба дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор шуд, ки давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадимӣ ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ мегардад”.

Ин нуктаро ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин НИЗОМӢ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт. Мавсуф дар идома чунин гуфт:

-Сарвари давлат зимнан тазаккур доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо — ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад.

Чун ҳамешагӣ тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакат барои давраҳои оянда дар Паёми навбатии Пешвои миллат муайян гардида, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Дар Паёми Пешвои миллат омадааст, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф –ЮНЕСКО таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 пазируфта шуд.

Бояд зикр кард, ки Пешвои муаззами миллат аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанги миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии кормандони соҳа ғамхории доимӣ зоҳир менамоянд. Аз 1 июли соли 2022 дар ҳаҷми 20 фоиз зиёд гардидани музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф ва фарҳанги кишвар далели гуфтаҳои болост.

Президенти мамлакат дар Паёми худ инчунин перомуни вазъияти ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистони ҳамсоя андешаронӣ намуда, зикр сохтанд, ки зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд. Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар ин кишвар мебошад.

Имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддат ба бор оварад. Дар робита ба ин, Сарвари давлат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расонидани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ дониста, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар доираи имкон барои расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намоянд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ имконияти васеи логистикии худро дар ин ҷода пешниҳод кардааст. Ҳоло шаш пули дар замони соҳибистиқлолӣ дар сарҳадоти ду кишвар бунёдгардида барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон фаъолият карда истодаанд.

Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар таъкид намуданд, ки вазъияти Афғонистон ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад. Яъне тамоми мушкилоте, ки дар минтақаи зикршудаи марзӣ ба вуҷуд меоянд, аз ҷумла қочоқи рӯз ба рӯз афзояндаи маводи мухаддир мустақиман ва пеш аз ҳама, ба Тоҷикистон дахл дорад. Бинобар ин, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Дар ин раванд Президенти мамлакат ба ҳамватанон муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон сохтанд, ки модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаамонро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодирем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Зикри як нукта муҳим аст, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат мебошад, ки дарбаргирандаи барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад.

Паём сухани самимии Президенти кишвар ба ҳар ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрўз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад. Дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, ки тавассути ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва дар симои он ба тамоми мардуми Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии миллати тоҷик аст.

Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Сарвари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз шашҳазорсола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор меравад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин