Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар Москва машваратҳо доир шуданд

Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар Москва машваратҳо доир шуданд2 декабр дар шаҳри Москва миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия машваратҳо роҷеъ ба мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав баргузор гардиданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайатҳои тарафҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Русия Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар самти амният ва муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба муфассал муҳокима намуданд.

Гузашта аз ин, оид ба масъалаи амнияти минтақавӣ бо дарназардошти вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи амиқи афкор сурат гирифт.

Машваратҳои мазкур бар асоси Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2021 роҳандозӣ шуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин