Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

ПАЁМ ИФОДАГАРИ АЗАМАТИ ИСТИҚЛОЛИ МОСТ

ПАЁМ ИФОДАГАРИ АЗАМАТИ ИСТИҚЛОЛИ  МОСТПаём қавитарин рукни фалсафаи умури давлатдорӣ ва ҷомеътарин дастуруламали фаъолияти мост. Мо имрўз агар Паёмро ба таври васеъ ва аз зовияҳои мухталиф мавриди тафсиру тавзеҳ қарор диҳем, ҳар як банди возеҳи Паём як модели назариявии рушд ва такомулро дар тафаккури мо эҷод мекунад.
Воҷибтарин рисолат, муқаддамтарин амал, баландтарин масъулияти ҳар як Роҳбари давлат ин муайян намудани сарнавишти халқи хеш аз тариқи Паём аст. Хушбахтона, ба шарофати Истиқлоли комили кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба унвони як чеҳраи қавии сиёсӣ ва давлатмарди баландпояи ҷаҳонӣ ин рисолати худро дар тўли се даҳаи давлатдории навини тоҷикон дар баргузор намудани ин руйдоди тақдирсози сиёсӣ сарбаландона иҷро намуданд. Паёми имсола чун солҳои қаблӣ бо як мақому мартабаи сухансанҷию суханварӣ ва эҳсоси баланди милливу меҳанӣ аз тарафи Президенти кишвар ба Маҷлиси намояндагон ироа гардид. Паёми имсола фарогири барномаҳои дақиқу амиқ, муҳтавои ҷолиб ва хулосаҳои мустанад буда, аз низоми густардаи давлатдорӣ, зеҳнияти мукаммали дунёдаркӣ ва сиёсати оянданигари он гувоҳӣ медиҳад.
Пешвои миллат тавассути Паём як бори дигар эҳсоси бузург ва масъалаи ватандориро дар ниҳоди ҳар як фарди тоҷик бедор намуданд ва халқро бовар кунонданд, ки беҳтарин ҳунар ватандорист, зеботарин сифот васфи Ватан ва олитарин ибодат ин имон овардан ба рукнҳои муҳимтарини давлату давлатдорист. Чун ин Ватани аҷдод бо заҳмату талошҳои хастанопазире чунин ободу зебо гардидааст. Тавре Раҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси олӣ зикр намуданд: “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”.
Бояд қайд намуд, ки дар Паём тамоми масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа мавриди таҳлили мукаммал қарор гирифтанд. Вале мо мехоҳем, ки роҷеъ ба баъзе масъалаҳои умдаи давлатдорӣ, ки Пешвои муаззами миллат солҳои охир бо назардошти аҳаммияти фавқулода доштан ба онҳо руҷўъ карданд, андеша баён намоем.

Истиқлоли маънавӣ ва омилҳои тақвияти он

Самтҳои муҳофизати Истиқлол дар масири давлатдорӣ гуногунанд. Истиқлоли маънавӣ муҳимтарин самти давлатдории имрўзаи мо ба ҳисоб меравад, ки фарҳанг чун муҳимтарин унсури муайянкунандаи намоди миллати тоҷик хати марказии ин равандро ташкил медиҳад. Пешвои миллат дар тамоми суханрониҳояшон, аз ҷумла Паёми имсола низ таъкид намуданд, ки фарҳанг арзишмандтарин ҷанбаи ҳастии инсоният аст. Фарҳанг қодир аст, ки дар рушди истеъдоду фитрати инсон мусоидат намояд. Миллат ё халқ фақат тавассути гиромидошти фарҳанг зинда мемонад. Дар ин раванди бошитоби ҷаҳонишавӣ фарҳанг низ дар ҳолати таҳаввул ва тараққӣ қарор дорад. Он инъикоскунандаи рушду таҳаввули ҷамъият мебошад. Дар раванди офариниш ва густариш бахшидани фарҳанг худи инсон камол меёбад. Дар воқеъ, нақши муассири фарҳанг дар шароити кунунӣ, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки амнияту оромӣ ва муҳити иҷтимоии ҷомеа ва қишриҳои гуногуни онро комилан таъмин менамояд ва пеши буҳронҳои маънавӣ мегирад.
Бояд қайд намуд, ки сармояи иқтисодии ягон кишвар бе густариши сармояи фарҳангӣ пеш намеравад. Дар он кишваре, ки маърифати фарҳангии мардум коста мегардад, амну низом халал меёбад, тафриқаву ҷанг воқеъ мешавад ва аҳволи мардум ба шикастагиву пастӣ пайванд мегардад. Аз ин рў, зарур аст, ки мо бояд фарҳангро чун рўҳи миллат гиромидошт намоем ва тамоми он таблиғоти қавианосире, ки имрўз бар зидди ҳавзаи фарҳангии мо, хусусан шуури миллӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва маърифати динии мо тасаллут ёфтаанд, ҳавзаи фарҳангии худро аз ҳуҷуми ин чолишҳои хатарзо ҳимояту ҳифозат кунем. Дар ин хусус возеҳан Пешвои миллат ҳам андешаҳояшонро баён доштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид бар он доштанд, ки фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимони ҷомеашинос ва зиёиёни эҷодкор вазифа гузоштанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд.
Пешвои миллат эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим арзёбӣ намуданд. “Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад”, -таъкид гардид дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зикр гардид, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад. Соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон–Қароқум» 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид.
Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500– солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022–2023 пазируфта шуд. 15 декабри соли равон аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Яъне «Фалак» мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.
Моҳи октябри соли ҷорӣ аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид.

Фарҳанг омили таҳкимбахши худшиносии миллист

Ҷаҳонишавӣ ба вусъатёбии муборизаҳои мафкуравӣ барои ғасби шуур ва тафаккури одамон мусоидат мекунад. Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз танҳо ҳамон давлат ва миллат наҷот меёбад ва ба сатҳи иззатмандиву саодат мерасад, ки агар насли наврасашон дар пояи хираду маърифат тарбият гиранд. Аз ин рў, ягона омиле, ки боиси наҷоти халқу миллат мегардад ин ба насли имрўза фаҳмондани равандҳои ҷаҳони муосир ва бедор намудани эҳсоси худшиносӣ дар ниҳоди онҳо мебошад. Худшиносӣ ва ҳувиятхоҳии мо имрўз ба се неруи муқтадир такя мекунад.
1.Мерос
2.Хотира
3.Мансубият
Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд, ки мо бояд пеш аз ҳама аз таърихи пурғановати хеш, ҳувияти миллӣ, асотири таърихӣ, ҳофизаи таърихӣ воқиф бошем ва онро арҷ гузорем. Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёд вақте дар ниҳоди мо пайдо мешавад, ки агар аз он огоҳии амиқ дошта бошем ва онро мояи омўзиш, ибрат ва шукўҳмандии хеш қарор бидиҳем. Дар ҳақиқат ватандорӣ, ҳувиятхоҳӣ ва худшиносии миллии мо аз гиромидошти суннат ва анъанаҳои гузаштагони мо такомул меёбад. Зеро танҳо суннат метавонад, пеш аз ҳама, таҷрибаи иҷтимоӣ ва фарҳангии як наслро ба насли дигар интиқол бидиҳад ва анъана бошад устувории фарҳангро таъмин мекунад. Барои ҳамин моро зарур аст, ки худшиносии миллиро як ҷузъи худшиносии миллии замони имрўза қарор бидеҳем. Бо диду нигоҳи нав, тафаккури созанда ва имконоту таҷриба онро бо назардошти талаботи замони муосир густариш бахшем ва дар ростои кўшишҳои таҳаввулоти ҷиддии ҷомеа ва ислоҳи камбуду норасоиҳо саъю талош варзем.

Китобхонӣ раванди давомдори зиндагист

Дар Паём масъалаи маърифатомўзӣ ва андўхтани дониши замонавӣ яке аз масъалаҳои умда ва мубрам ба ҳисоб меравад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар кишваре, ки сатҳи китобдўстию китобдории мардум дар зинаи боло қарор дорад, он халқ чун қавми асил барои ояндагон ҳамеша як ганҷинаи ғанию мондагоре аз мероси илмию адабӣ боқӣ мегузорад. Дараҷаи рушду такомули илмию фарҳангии ҳар як кишвар ба воситаи китоб санҷида мешавад. Ба зинаи олитарини маърифат ҳамон афроде мерасад, ки фазои хонишу пажўҳишу омўзиш барои ў дар ҷамъият ҳаматарафа муҳайё бошад. Хушбахтона, ба шарофати Истиқлол ва сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз халқи тоҷик дар ростои илмомўзиву маърифатпарварӣ аз тамоми шароити замонавӣ комилан бархурдор ҳастанд, ки Китобхонаи миллӣ чун шаҳкори пурғановати маънавияти кишвар ба ин гуфтаҳо шаҳодат аст.
Бояд қайд намуд, ки дар Паём Пешвои миллат донишомўзиро дар раванди бархўрди тамаддунҳо мабнои ҳама гуна камол ва саодати башарӣ эълон намуда, таъкид намуданд, ки дониш аз ҳар куҷое, ки пайдо шавад онро бояд ҷустуҷў намоем. Озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман ” яке аз иқдомоти хеле наҷибу шоистаи Хукумати Тоҷикистон мебошад, ки дар таҳким бахшидани истиқлоли маънавии кишвар мусоидат мекунад.
Пешвои миллат Итминони комил дорам, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон, ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири илму маърифатомўзи сарманшаи зиндагии хеш қарор дода, олитарин ҳадафҳои судманди зиндагиро пайгирӣ мекунанд.

Забон нахустунсури муайянкунандаи миллати тоҷик


Масъалаи нигаҳдошти забон ва ҳифзи ў дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз рисолати аввалини ҳар як соҳибзабон аст. Дар Паёми имсола низ оид ба ин масъала аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоятҳои ҷолиб баён гардиданд. Забон мақом ва нақшҳои арзишмандро дар зиндагии башар иҷро намуда меояд. Яке аз муҳимтарин нақшҳои забон ин нақши иртиботии он аст.
Фарҳанг ва тамаддуни ҳар миллате бар асоси забони он устувор аст.Ин танҳо қудрати забон аст, ки ба инсонҳо иҷоза медиҳад то фарҳангро биёфаранд, таҷрибаҳоро анбошта кунанд ва шеваҳои гуфтории инсонро аз насл ба насл интиқол диҳанд.
Хифзи забони тоҷикӣ ҳифзи ҳувияти миллати тоҷик аст. Аз ин рў, ҳар фарди тоҷик бояд забони модарии хешро аз тамоми олудагиҳо пок нигоҳ дорад. Аз таҳоҷуми фарҳангҳои бегона танҳо ҳамон миллат солим мебарояд, ки агар масъалаи нерўманд гардонидани афроди ҷомеа бо роҳи боло бурдани сатҳи донишандозӣ бо тавоноии фарҳанг ва забони миллӣ афзуда шавад. Бо ҳисси баланди милливу меҳанӣ мо бояд забони худро пок нигоҳ дорем, ҳифз кунем ва онро ба наслҳои оянда ба саломат бирасонем.

Нақши таълим ва тарбия дар ҷаҳони муосир

Инсон ҳамон вақт мақому манзалати хешро шарофатмандона дар ҷомеа ҳифз карда метавонад, ки агар дар овони кўдакӣ тарбияти неку ҳасанаро дошта бошад. Нахустин мактаби зиндагии инсон ин домони модар аст. Беҳтарин сиёсатмадори дунё ин ҳам бошад модар аст, чун ба инсон, пеш аз ҳама, забон меомўзад ва забон нахустунсури муайянкунандаи миллати тоҷик аст. Зинаи аввали тарбиятро инсон дар хонавода мегирад. Аз ин рў, падару модарро зарур аст, ки дар овони кўдакию наврасӣ ба фарзандон маънию мантиқи асосӣ ва аслии мафҳумҳои Ватан, Ваҳдат, Истиқлол ва дигар муқаддасотро жарфтар фаҳмонанд. Бо чунин дараҷаи фаҳмиш дар дили фарзанд аз кўдакӣ меҳру муҳаббати зиёд ба ватану ватандорӣ бедор мегардад ва ў ҳеҷ гоҳ ба халқу Ватан хиёнат намекунад. Агар инсон ҷойгоҳи худ ва ҳадафи офариниши хешро нағз бишносад ба зинаи маърифат мерасад. Халқ бузургтарин офаридагори маданият ва тамаддун аст, ки дар пешрафту такомулли он саҳми калон дорад. Маданияти ҳар қавм аз таълиму тарбияи халқи он вобастагӣ дорад, яъне инсон дар раванди таълиму тарбия соҳиби маданият мешаванд. Меъёри тарбият, мактаб, падару модар ва ҷомеа аст. Аз эҳсостарин ва муҳимтарин даврони таълиму тарбия даврони кўдакӣ ба ҳисоб меравад. Агар пояҳои аввали даврони кўдакӣ аз тарафи мактаб, падару модар ва ҷомеа дуруст бино шавад ва дар раванди таълиму тарбия дар рушди зеҳнияти ҳамон кўдак ягон монеа эҷод нагардад, чунин кўдак дар бузургсолӣ унсури муфид ва боарзиш барои ҷомеа хоҳад шуд. Дар рушди таълиму тарбия эҷоди робитаи отифӣ байни падару модар, мактаб ва ҷомеа, аз ҷумлаи масоили муҳимме аст.
Табиист, барои рушди гуногунсамта, ба хусус пешрафти маънавии ҷомеа таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф кӯмак мерасонад. Ба ин хотир, Дар Паём таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад аз ҷониби Сарвари Давлат супориш дода шуд, ки дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.
Аз ин рў, дар ҳамовозӣ бо Паёми Пешвои миллат барои ҳар яки мо зарур аст, ки насли имрўзро, пеш аз ҳама, дар рўҳияи миллӣ тарбият кунем. Насли имрўз бояд, пеш аз ҳама, аз тоҷик будани хеш ифтихор кунад ва ба рукнҳои муҳимтарини давлату давлатдории мо содиқона эҳтиром гузорад. Мушоҳидаҳо бозгўйи онанд, ки муназзамӣ ва барқарории рушди ҷомеаи Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ҳар чи бештар ба солимии афкор, рушди маънавияти ҷомеа ва технологияи навин пайванди қавӣ дорад. Имрўз месазад, ки ҳар яки мо арзишмандтарин ҷанбаи ҳастии инсоният, ки он ҳам бошад хидмати арзанда кардан ба халқу Ватан аст, мароми зиндагии хеш қарор диҳем ва дар сарнавишти насли имрўзу фардо нақши дилсўзона гузорем.

Таҳдид ва хатарҳои ҷаҳони муосир ба Ваҳдати миллӣ

Низоми густурдаи давлатдорӣ танҳо аз мавҷудияти ваҳдати комил тақвият меёбад. Арзишмандтарин ҷанбаи ҳастӣ ва саодати инсоният Ваҳдат аст. Дар раванди бошитоб, ҷаҳони моддигарои имрўза дучори таҳаввулоти дунявӣ аст. Дар баробари дигар падидаҳои нохушоянди ҷаҳонишав яке аз падидаҳои хеле хатарзо, ки ба пояи давлатдорӣ ва оромишу иттиыод сахтарин зарба мезанад ин таассуб аст (мағзҳои заҳролудшуда). Аз таърихи башарият ба мо маълум аст, ки аз сапедадами таърих ду неруи ба ҳам муқобилу оштинопазир ба ҳам ращобат доштаанд. Яке маърифат, ки сарчашмаи тамоми илмыои башарият аст ва дигаре ҷаҳолат, яъне ифрот, хиёнат, фисқу фуҷур, ваҳшоният, ҷаҳл ва торикии донишу имон.
Дар ин марҳилаи тақдирсоз мо бояд бо зиракии сиёсӣ, дониши васеъ, ҷаҳонбинии дащищ, имконот, таҷриба, шуури дунёдаркӣ дар атрофи Президенти мамлакат сарҷамъ шуда, нагузорем, ки ин тоифаи паст ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд.
Мо бояд бо фарру фарҳанги азалии хеш мабдаъ ва маоди ваҳдати асливу азалиро дар зеыни насли имрӯзу фардо беш аз пеш бедор намоем. Дар ин бора Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд”.
Мо бояд дар ҳама ҳолатҳо масири илму донишро дунбол кунем. Рӯҳи ваҳдати аслиро тавассути омўзиши таъриху фарҳанг дарк намуда, тақвият бахшем. Дар ҳамовозӣ бо паёмҳои ваҳдатбахши Пешвои миллат рисолати худро ҷойгиртару муассиртар анҷом дода, Тоҷикистони азизи худро аз ин беш ба авҷи пешрафту ифтихор бирасонем. Ба ормонҳои баланди милливу меҳанӣ содиқ бошем, миллатро бо неруи қудрати ақлонӣ мусаллаҳ намоем ва ыамеша онро рӯҳан қувват бахшем.
Ватандориро чун зеботарин ибодат пазироӣ намоем. Бо ҷиддияту ҳавсалаи тамом барои пешрафту созандагии он бикӯшем. Ба усули инсонӣ ва маънавият такя дошта бошем. Танҳо бо ин васила метавонем душвориҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонишавиро сарбаландона паси сар намоем.
Мо бояд бо рушди такомули маънавият, иттиҳод, садоқат ва дилбастагӣ Ваҳдати миллиро чун рӯҳи миллат ва азамати ҷовидона ба ояндагон ба саломат бирасонем.

Рудобаи Мукаррам
Раиси Кумитаи иҷроияи Харакати
ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин