Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Нашри китобҳои арзанда

Бо тавсеа ва дастгирии президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ китобҳои арзандае нашр шуданд, ки паҳлуҳои мухталифи фарҳанг ва тамаддуни мо, тоҷиконро дар навъи мухталифи консепсияҳо пажӯҳиш намудаанд.
Китоби аввал мансуб ба донишманди амрикоӣ Брэд Гуч бо унвони "Секрет Руми" ва дар тарҷимаи профессор Парвонаи Ҷамшед маҳсуб мешавад, ки муҳаққиқи ғайри тоҷик дар ин асар макони мавлуди Мавлоноро Вахш гуфтааст. Дар ин асар иртиботи Мавлоно бо Шамси Табрезӣ бо усули оммафаҳм инъикос шудааст, ки айни замон фараҳбахш менамояд. Нопадидшавии Шамс боиси рӯҳафтодагии Мавлоно шуд ва ин авзоъ ва ҳолати равонии ӯро Брэд Гуч чунин ба қалам овардааст: "Мавлоно аз ҷунун дур шуд, ё девонагӣ танҳо тавзеҳе буд, ки наздиктарин афрод ба ӯ метавонистанд барои фурупошии дилхароше пас аз рафтани Шамс биёбад".
Чунин ҳол метавонист ба офаридани ғазале сабабгор шавад ва он ғазал мисраи зеринро фарогир аст:
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Китоби дувум ба қалами узви вобастаи АМИТ, асосгузори антропологияи системавӣ дар минтақа Маҳмадалӣ Музаффарӣ тааллуқ дошта, бо унвонгузории "Системная антропология" интишор шудааст. Мусанниф фалсафаи инсоншиносиро ҷиҳати муаррифӣ шудани ақоиди поягузори антропологияи Ғарб Макс Шелер баррасӣ карда, дар мавриди донишҳои инсоншиносии авастоӣ чунин мегӯяд: "Ба қавли Зартушт, сарнавишти ҳар фарде дар дастони ӯст, зеро дар ниҳоят чизе ҷуз маҷмӯаи пиндор, гуфтор ва кирдори солеҳ нест. Танҳо натиҷаи муштараки се мазҳари номбурда метавонад масири чархи сарнавишти инсонро тағйир диҳад".
Алъон, постмодернизми Ғарб буҳрони фарҳангҳоро ба вуҷуд оварда ва чунонки Освалд Шпенглер мутазаккир мешавад, фарҳангҳо зимни азбайнравии худ ба тамаддун гузариш мекунанд. Арнолд Тойнби мухолифи ин ақида аст ва ба қавли ӯ фарҳангҳо аз тамаддунҳо ҷудо ҳастанд. Дар чунин авзоъ чопи китобҳои номбурда ҷиҳати мутолеа барои шаҳрвандони кишвари мо судманд аст ва метавонанд ба бисёр суолҳои ҳамватанон пусух бигиранд. Чунки ҳануз ҳам илмҳои ҷадид мисли фалсафаи дониш, фалсафаи инсоншиносӣ, фалсафаи таълиму тарбия ва амсолашон дар низоми таҳсили макотиби олӣ нестанд, дар ҳоле ки ин улум аз нимаи дувуми садаи гузашта дар Урупо пайдо шуда, густариш ёфтаанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин