Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Ба зиёда аз 60 нафар беморони Шифохонаи шаҳрии кўдаконаи бемории сил туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид

Ба зиёда аз 60 нафар беморони Шифохонаи шаҳрии кўдаконаи бемории сил туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардидДар арафаи соли нави мелодӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба зиёда аз 60 нафар беморони Муассисаи давлатии Беморхонаи шаҳрии кўдаконаи бемории сил туҳфаҳои солинавӣ тақдим ва барномаи фарҳангӣ доир карда шуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода.

Дар ин рўз намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба беморони ин муассиса ва модарони онҳо туҳфаҳои идонаи худро супориданд. Ҳузури Бобои Барфӣ ва ташкили ҳар гуна бозиҳои шавқовар ин базмро шукӯҳи тоза бахшид.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгирии ниёзмандон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо ба маъюбон, шахсони бекасу танҳо ва кӯдакони бемор туҳфаҳо тақдим гардида, дигар кумакҳои моддию низ расонида мешавад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин