Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расонидандАз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чилу панҷ қонун ба имзо расонда шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи парандапарварӣ”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷумҳурӣ “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, дар он дар баробари имтиёзу сабукиҳои мавҷуда, сабукиҳои нав пешбинӣ гардиданд. Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 ба 15, хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ аз 18 ба 7, фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 ба 5 фоиз кам гардид.

Қонунҳои номбурда ба рушди соҳаҳои саноат, парандапарварӣ, густариши варзиш, тарбияи ҷавонон, беҳдошти шароити зисти мардум, таъмини қонуният ва пешрафти кори мақомоти давлативу ҷамъиятӣ равона шудааст.

Қонунҳои баимзорасида дар матбуот интишор карда мешаванд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин