Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

Ба 2500 нафар кӯдакони ятиму бепарастори пойтахт аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд

Ба 2500 нафар кӯдакони ятиму бепарастори пойтахт аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардидандИмрӯз бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ таҳти унвони «Бозгашти Хоҷа Насриддин» доир гардид, ки дар он 1900 кӯдаки ятим, нимятим, аз оилаҳои ниёзманд ва наврасони фаъоли пойтахт иштирок намуданд. Ба беш аз 2500 нафар тамошобинон ва иштирокдорони барномаи фарҳангӣ туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим карда шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Толори Сирки давлатӣ ба тарзи хосса оро дода шуда, дар он рамзи асосии Соли нави мелодӣ – арча насб гардида буд.

Зимни ифтитоҳи намоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба муносибати Соли нави мелодии 2022 ба тамоми кӯдакону наврасони пойтахт расонид.

Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва зиндагӣ, тарбияи насли солиму бардам ва худшиносу худогоҳ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятим аҳамияти аввалиндараҷа дода, мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.

-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, баҳри парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеъа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд. Дар ин росто, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри таъмини дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсилоти босифат, ҳифзи тандурустиву барқарорсозии саломатӣ ва бо мақсади рушди ҷисмонӣ ва фароғату роҳати онҳо шароити созгорро фароҳам оварда, барои дастгирӣ ва ҳавасманднамоии наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод пайваста як зумра озмуну фестивал ва мусобиқаву чорабиниҳои фарҳангиву маърифатиро бо иштироки бевоситаи кӯдакон доир менамояд. Барномаи имрӯзаи солинавӣ низ аз ҷумлаи ин тадбирҳост, — таъкид намуд муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ.

Намоиши фарҳангӣ – фароғатии кӯдаконаи солинавии «Бозгашти Хоҷа Насриддин» бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2022 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои наврасони пойтахт баргузор карда шуд.

Намоиши мазкур бо ороиши афсонавӣ пешкаш гардида, он аз ҷониби ансамблҳои рақсии кӯдаконаи «Ғунчаҳои пойтахт», «Лаъл», «Меҳрона», «Гулрез», «Зебо», шогирдони Мактаб – интернати махсуси мусиқии ба номи Миратулло Атоев, дастпарварони Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, Сирки давлатӣ ва дигар марказҳои фарҳангиву таҳсилотии пойтахт пешниҳод гардид.

Бо пешниҳоди барномаи мазкур ҳунармандон, ки қаҳрамонҳои гуногуни афсонавиро васф мекарданд, иштирокчиёни хурдсолро ба дунёи рангини тахайюл ва афсонаҳои кӯдакии худ ворид намуданд. Шодию хурсандии иштирокчиён ва ҳунармандони хурдсолро туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дучанд гардонид.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин