Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

Ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид

Ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти он нахуст ҳисоботи солонаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам оид ба натиҷаҳои баргузории нақшаи чорабиниҳо, ки давоми соли 2021 аз ҷониби роҳбарият, кормандон ва Шӯрои куҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода ва дар соли 2022 низ татбиқи бандҳои Паёми Пешвои муаззами миллатро дар ғояи ҳадафҳои созандаи худ қарор додааст.
Ҳамзамон дар рафти ҷаласа Панҷшанбезода Муҳиддин - мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Авзалов Ғайбулло Саидович - Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракат ва аъзоёни фаъоли Шӯрои куҳансолон академик Кароматулло Олимов, Насриддинзода Салоҳиддин, Латофат Насриддинова, Шерхон Салимзода, Матлубхон Давлатов ва ғайра баромад намуда дар рафти музокирот оид ба нақши созандаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шароити навин ва равандҳои сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон, татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа, сиёсат, фарҳанг, маориф, саноатикунонии босуръати мамлакат, ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа, тарғиби ғояҳои милливу меҳанӣ ва тараннуми ободиву созандагӣ ва таҳкими Ваҳдати милливу истиқлоли давлатӣ дар афкори ҷамъиятӣ ва мафкурраи сиёсии аҳолии кишвар андеша ва пиндорҳои некро баён доштанд.
Ҳаминтариқ иштирокдорон изҳори омодагии худро ҷиҳати бо тантана таҷлил намудани 30 солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва 25 - умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баён доштанд.
Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид Ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин