Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар тақвият мебахшанд

Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар тақвият мебахшандДирӯз Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов ва роҳбари навтаъйини Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров мулоқот намуд. Дар ин бора Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор дода, ҳамзамон мушкилоти амнияти минтақавиро дар ин самт баррасӣ карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ изҳор дошта, лоиҳаи Созишнома миёни Агентӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русияро оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо барои солҳои 2022 – 2024, ки дар айни замон дар баррасии тарафҳо қарор дорад, муҳокима намуданд.

Ҳамзамон меҳмонон бо фаъолияти сагҳои хизматии Агентӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ – тактикии кормандони шуъбаи таъйиноти махсуси Раёсати сайёри фаврии Агентӣ шинос шуда, дар сӯзонидан ва маҳви маводи нашъаовар иштирок карданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин