Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

ТАЪСИСИ РӮЗНОМАИ НАВ БО НОМИ «МЕҲТАРОНИ ХАТЛОН»

ТАЪСИСИ РӮЗНОМАИ НАВ БО НОМИ «МЕҲТАРОНИ ХАТЛОН»Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави мелодӣ нашрияи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон — рӯзномаи вилоятии «Меҳтарони Хатлон» таъсис дода шуд.

Тавре раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон С. Исмоилзода зикр кардааст, рӯзномаи «Меҳтарони Хатлон» бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъсис дода шуда, дар арафаи Соли нави мелодӣ барои насли калонсоли вилоят туҳфаи арзанда гардид.

— Мо, собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон басо хушнудем, ки роҳбарияти вилоят дар ҳаққи мо, насли калонсол чунин ғамхориҳо зоҳир менамояд. Акнун мо имкон дорем тавассути ин рӯзнома барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ талош намоем ва дар ободонии Ватан саҳми босазои худро гузорем, — афзудааст С. Исмоилзода
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин