Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ СУСТШУНАВОЁНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ ТУҲФАҲОИ ИДОНА ТАҚДИМ ШУД

АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ СУСТШУНАВОЁНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ ТУҲФАҲОИ ИДОНА ТАҚДИМ ШУДДар тарабхонаи «Саманд»-и ноҳияи Рӯдакӣ барои 220 нафар хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии сустшунавоёни ноҳия маҳфили фарҳангӣ ва дастурхони идона ороста, аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд.
Дар барнома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Абдуфаттоҳзода ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи маҳфил муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тамоми хонандагонро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соли нави мелодии 2022 муборакбод гуфта, дар рӯзгору таҳсили минбаъдаашон муваффақият таманно намуд.

Дар ҷараёни маҳфил туҳфаҳои Пешвои миллат, иборат аз сару либоси гарм, пойафзолу шириниҳо ва туҳфаи солинавӣ ба кӯдакони мактаб-интернат тақдим гардиданд.

Дар идомаи маҳфил аз тарафи хонандагон рақсу сурудҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин гардида, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишин хотири ҳамагонро болида намуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин