Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР МЕНАМОЯНД

ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР МЕНАМОЯНД12 январи соли 2022 вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия А. Гулов бо Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Меҳмет Эрсой баргузор гардид, хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Ҷ умҳурии Тоҷикистон.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба корбариҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Комиссияи муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Туркия ибрози назар намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади васеъ муаррифӣ намудани иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шурӯъ аз 1 январи соли 2022 ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба Тоҷикистон Сафорат ҷиҳати ташкил ва баргузории Форуми сайёҳии ду кишвар дар яке аз шаҳрҳои Туркия, корбарӣ намуда истодааст.

Инчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг байни ду кишвар чорабиниҳо ва конфронсу нишастҳои дахлдор, аз ҷумла рузҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор менамоянд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин