Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

Тавзеҳи Паёми сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат

Тавзеҳи Паёми сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри ВаҳдатДар асоси Паёми Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи бандҳои он санаи 14. 01. 2022 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмиву маърифатӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам бо иштироки муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ" дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷотзода Мутеъуллоҳ, аъзои Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Саймурод Тағоев ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷаева идома ёфта дар он пеш аз ҳама масъалаҳои марбут ба суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлол, Ваҳдати миллӣ, таҳкими мафкурраи милливу меҳании насли ҷавон ва ояндасози мамлакат, ташвиқу тарғиби ободониву созандагӣ, нақши падарону модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, пайравии ҷавонон аз ҳидоятҳои созандаву ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғайра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам таъкид гардид, ки бо гузашти вақт дар даврони пуртаззоди ҷаҳонишавӣ ва раванди шиддатгирифтани муборизаҳои иттилоотӣ аҳамият ва ҳифзу нигаҳдории Ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ бештар мегардад. Ва дар ин раванд аҳли ҷомеаро мебояд, ки дар ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбуб ва бунёди ояндаи дурахшони он бетараф набошанд.
Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин