Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд

Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузорандБо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлисӣ Олӣ иброз доштанд, ҷиҳати равнақ бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани ҳар гӯшаи зебоманзари диёрамон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода, соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷ, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳои мамлакат фаъолият доранд, иштирок карданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳадафи гирд овардани соҳибкорон ва шахсони баруманди ноҳияи Ванҷро шарҳ дода, зарурати боз ҳам тақвият бахшидани раванди омодагиро ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари ташаббуси Пешвои миллат вобаста ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022–2026 тавассути бунёду роҳандозии корҳои ободонӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз қабили боғчаҳои томактабӣ, мактабҳо, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ ва корхонаҳои саноатию агросаноатиро таъкид ва масъалаҳоро мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа пешниҳод намуд.

Дар ҷаласа ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода сухан карда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки бо дарназардошти имконияту ҷалби бештари соҳибкорони муваффақ ва сокинони саховатпешаи ин минтақа дар татбиқи ҳадафи олии кишвар – баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ тамоми неруи мавҷударо сафарбар карда, саҳми муносиб гузоранд.

Ҳоло дар минтақаҳои дурдасти ноҳияи Ванҷ аҳолии маҳаллӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, шароити мусоиди таълимӣ, дар иншооти варзишӣ, боғчаҳо, марказҳои фароғатӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом ва бунгоҳҳои тиббӣ ниёзи бештар доранд ва соҳибкорон имкон доранд бо корҳои бунёдӣ дар ин самт ташаббускор бошанд.

Тазаккур дода шуд, ки маҳз дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ванҷ 86 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 84 иншоот бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Дар ду иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар ин давра инчунин бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ боз ба таври иловагӣ даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ бунёд гардиданд, ки дар онҳо барои сокинон садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд.

Ба ҳамаи шахсони саховатпеша, соҳибкорону сармоягузорон ва мардуми ноҳия, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён карда шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин