Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон

Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи       миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии ТоҷикистонПаёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле ироа гардид, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар умум тамоми қаламрави сайёраи замин даргири буҳронҳои шадиди сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳдоштиву фарҳангӣ аст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари мазмун ва муҳтавои сиёсати давлатдорӣ, таҳкимбахши мафкурраи ҷомеъи милливу меҳанӣ ва барномаи роҳанамунсози ҷомеаи дар ҳоли рушди Тоҷикистон ва сокинони шарифу орзумандаш аст, ки ҳамасола баъд аз ироаи он корҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави мамлакат суръати тоза мегирад.
Дар ҳақиқат дар шароити ноором ва назми навини ҷаҳонӣ иҷрои масъулияти давлатдорӣ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ, ҳамбастагӣ ва Ваҳдати миллӣ, рушди устувори ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ аз ҷониби роҳбари сиёсии ҳар давлат кори саҳлу осон нест. Аз ин рў, мо аз иқдомҳои шоиста, қудрати зеҳн ва ҷаҳонбинии баланди сиёсӣ ва инсонмеҳвару давлатмеҳвари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасорати таърихии миллати куҳани тоҷикро мушоҳида намуда, аз Пешвои миллати худ ҳамчун сиёсатмадори баландпояи сатҳи ҷаҳонӣ боварӣ ва эътимоди қавӣ дорем, аз он нигоҳ, ки Президенти маҳбуби мо давоми зиёда аз 30 соли соҳибистиқлолӣ тавонистаанд, ки Тоҷикистони қафомондаву даргири моҷароҳои сиёсиву амниятиро ба қатори амнтарин мамлакат ва осудатарин ҷомеа дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳанд.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарбаргирандаи тамоми аҳдофи сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ҳамчун стратегияи ояндасозу оянданигар аз фалсафаи қавии роҳбарӣ буда, аз мудирияти давлатдориву давлатсозӣ шаҳодат медиҳад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар баробари дигар бахшҳои ҷомеа масъалаи худшиносии миллӣ, рушди устувори илму маориф, даъвати насли ҷавон ба сўйи бедорӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ, рушди сиёсати фарҳангӣ, посдоштани ёди гузашта, омухтани забонҳои пешрафтаи хориҷӣ, ҳифзи арзишҳои хонаводагӣ, таълиму тарбияти кўдакону наврасон аз боғчаҳои кўдакона, муассисаҳои таълимии ибтидоӣ то донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан андешаҳои арзишманду пурмуҳтаво баён доштанд, ки ҳар як нуктаи он китоби ҳидояту саодати миллат ва пайки умеду орзу дар роҳи сохтани ояндаи дурахшон маҳсуб мегардад.
Ҳарчанд, ки дар Паёми сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми бахшҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ, иқтисоду саноат, тандурустӣ, мудофиа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти миллӣ, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди фазои сармоягузорӣ ва ғайра мавриди баррасии дақиқ қарор гирифт. Дар инҷо мо мехоҳем роҷеъ ба баъзе масъалаҳое, ки барои афкори ҷамъиятӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмиву маънавӣ, сиёсиву фарҳангӣ марбут аст андеша ва ақидаи худро баён созем.

Истиқлол ва озодӣ кафили ояндаи босаъодат

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21 –уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, Пешвои миллат роҷеъ ба арзиши истиқлолу озодӣ ва заҳмату талоши шабонарўзии халқи шарифи Тоҷикистон андешаҳои таърихӣ ва пур аз ҳикмат баён дошта, бори дигар ҳифзи ин арзиши муқаддасро амри зарурӣ донистанд. Аз ҷумла аз ҷониби Пешвои миллат чунин таъкид гардид; “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”.
Дар ҳақиқт ҳам имрўз сокинони олами мутамаддин ва беш аз 200 давлати аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилот ва ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқлоли сиёсии онро эътироф намудаан, ки ин муваффақият кишвари моро ба ҷаҳониён ва ҷаҳониёнро ба кишвари мо пайванди абадӣ бахшидааст. Дар инҷост, ки сиёсати дарҳои боз дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷикро ҳамчун халқи намуна ва сулҳофару сулҳхоҳи сайёра ба афкори умумии ҷаҳони мутамаддину пешрафта муаррифӣ намуд. Боиси шукргузорӣ ва ифтихор аст, ки имрўз таҳти иродаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба истиқлоли маънавӣ ва истиқлоли сиёсиву инсонӣ ноил гардида дар роҳи ҳифзи арзишҳои ин ҷавҳари муқаддас ва ин дастоварди таърихи ҳазорсолагон қадамҳои устувор мебардорад.

Фарҳанг ва маориф калиди ганҷи саодати миллат

Дар асри пуртуфони ҷаҳонишавӣ, зуҳури тағйир ва таҳаввулоти сиёсиву амниятӣ, авҷгирифтани ҷангҳои иттилоотӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ дар саросари ҷаҳон фарҳанг ва маорифи бисёре аз давлатҳо рў ба буҳрон оварда раванди омўзиш ва ҳифзи фарҳанг ва оинҳои миллӣ коста гардида истодааст. Бо назардошти таъсирҳои ҷаҳонии раванди пурҳассоси даврони ҷаҳонишавӣ дар саросари олам ба рушди илму маориф ва фарҳангу ахлоқи наврасону ҷавонон ҳамеша Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва дигар суханрониҳои худ оид ба аҳамияти сарнавиштсози илму маорифу фарҳанг андешаҳои дақиқ ва пешниҳодҳои мантиқиву илмиро ироа месозанд. Дар инҷост, ки аҳамияти илму маориф ва фарҳанг ҳамчунин зарурати ҳифзи забони модарӣ ва ҳамзамон омўзиши забонҳои хориҷӣ ба хусус забонҳои англисӣ ва русӣ дар низоми илму маориф ва фарҳанги миллати тоҷик амри зарурӣ дониста шудааст. Дар Паёми Президенти мамлакат омадааст;
“Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.
Ҳамзамон сарвари давлат омўзгорон, ниҳодҳои илмиву таълимии ҷомеа ва падарону модаронро ба масъулиятшиносӣ ва дастгирии насли наврас ва фарзандону пайвандон даъват намуданд. Дар инҷост, ки дар Паём таъкид карда шуд, ки тавре ки мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанги бостонӣ ва деринаи миллати тоҷик ба аҳли сайёра муаррифӣ гардида, суннатҳо, оинҳо, мерос ва ёдгориҳои илмиву фарҳангии тоҷикон ба бонуфўзтарин созмонҳо ва ташкилоти байналмилалӣ роҳ ёфт ва фарҳанги миллати кўҳантамаддуну соҳибхиради тоҷик ҷаҳонӣ шуд. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин андешаҳои судманд баён доштанд; “Зикр бояд кард, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад.
Соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон–Қароқум» 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид.
Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500– солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022–2023 пазируфта шуд. Ҳамин тариқ аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд”.
Воқеан ҳам чунин дастовардҳои бузурги фарҳангиву маънавӣ маҳсули талошҳои бардавоми ахли илму маориф ва фарҳанги Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ насиби мо гардидааст, ки боиси ифтихори бузург аст.

Ҷавонон умеди дурахшони ояндаи миллат

Ҷавонон дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвари ҷаҳон ба унвони қудрати тавоно, сармояҳои бузурги инсонӣ ва омили рушду тараққиёт шинохта мешаванд. Зуҳури дигаргуниҳои демографӣ ва тағйирёфтани босуръати вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии ҷаҳон пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум ва оғози раванди ҷаҳонишавӣ дар охирҳои асри гузашта, рушди бардавоми илму техналогия имкон фароҳам намуд, ки шумораи аҳолии ҷаҳон беш аз пеш зиёд гардад. Имрўз омори расмии Созмони Милали Муттаҳид оид ба шумораи аҳолии дунё нишон медиҳад, ки 65 дар сади сокинони ҷаҳонро ҷавонону наврасон ташкил менамоянд. Яъне асри 21, асри ҷавонон ва даврони ҳокимияти насли нави ҷаҳон аст.
Дар Паёми Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Ҳукумати мамлакат дар таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷавонон ба ҳайси қувваи пешбарандаи ҷомеа, нерўи тавонои ояндасоз, нигоҳдорандаи нангу номус ва ифтихори давлату миллат ёд шудаанд. Аз ҷумла Президенти мамлакат таъкид намудаанд; «Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд».
Ҳамзамон дар Паём масъалаи рушди донишҳои замонавӣ дар зеҳн ва замири насли наврас ва ҷавонон, таҳким бахшидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурўғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” аз ҷониби сарвари давлат таъкид гардида, зарурати боз ҳам тақвият додани он ба мақомоти марбута ва аҳли илму маориф дастур дода шуд. Қобили зикр аст, ки дар асоси натиҷаҳои ба даст омада ба роҳ мондани чунин озмунҳо дар рушди илм, ҷаҳонбинӣ ва таҳкиму ҳамбастагии ваҳдати ҷавонон нақши устувор ва қавӣ гузоштааст.
Бояд гуфт, ки раванду зуҳуроти ношинохтаи ҷаҳон, буҳронҳои экологиву инсонӣ, дахолати давлатҳои абарқудрат ба вазъи дохилии кишварҳои дар ҳоли рушд, таҳдиди терроризму ифротгароии хушунатомез, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи инсон, аз ҳар як ҷавони кишвар, ки аз падару модари тоҷик ба дунё омадааст, дар ин хоки муқаддас ба воя расидаасту сарзамини падарияшро Тоҷикистони ободу озоду соҳибистиқлол интихоб намудааст, тақозо менамояд, ки виҷдону, имону инсонияти худро дар роҳи ободии Ватан, саодати фарзандон, ва ояндаи дурахшони он сарф намояд, на дар роҳи хидмат ба худфурухтагону садоқатфурухтагон дар сарзамини бегонагон.

Таҳдидҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии муборизаҳои иттилоотӣ ба Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии Тоҷикистон

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ оид ба як қатор масъалаҳои доғи ҷаҳони муосир андешаҳои илмиву дақиқ баён гардида, аз ҷумла таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор ба пеш меравад. Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва дигар падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ҳамеша мавқеи ошкор дошта, мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, даҳшатафканӣ, хурофотпарастӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таҳдиди терроризму ифротгароӣ ва ва хурофотпарстиву бегонапарстӣ мавриди таҳлил қарор гирифта сарвари давлат таъкид намуданд; “Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад”.
Воқеан ҳам таҳлилагарону коршиносон хурофотпарастиро дар радифи терроризму ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ ҷой дода, онро ҳамчун захм дар тан ва рўҳу равони ҷаҳон медонанд.
Бо назардошти таҳлилу баррасии чунин зуҳурот ва падидаҳои беаслу бебунёд, таҳдиду хатарҳои равонӣ ва ҷангҳои ноҷавонмардонаи иттилоотии душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик мо халқи шарифи Тоҷикистон, падарону модарон, ходимону илму фарҳанг, олимони дину дунё, шоирону нависандагон, аҳли зиё, ҷавонони фаъол ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва умуман ҳама сокинони шарафманди мамлакатро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода аз маърифат ва дарки моҷароҳо ва қазияҳи олам таҳлили дуруст ва саҳеҳ дошта бошанд ва дар ҳифзи Втан, ору номус, забону фарҳанг, истиқлоли сиёсиву Ваҳдати миллӣ бетараф набошанд.
Рудобаи Мукаррам
Раиси Кумитаи иҷроияи Харакати
ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин