Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид

Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардидИмрӯз ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳамоҳангсозии судӣ ва парлумонӣ баргузор гардид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Дар кори ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода, мушовири кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фируз Сайнозимзода ва судяи Суди Олӣ Мавҷуда Пулодӣ ба таври онлайн иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа ду масъала — муҳокимаи ҳуҷҷатҳои корӣ оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкории судӣ, парлумонӣ ва таҳияю тасдиқи лоиҳаи барномаи корӣ ва тақвими чорабиниҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни ҷаласаи Шӯро барномаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои соли 2022 қабул карда мешаванд. Тибқи дурнамои ЭКО-2025, ҳамкорӣ дар бахшҳои савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт, коммуникатсия, муносибатҳои байналмилалӣ, энергетика, муҳити зист, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, ҳамоҳангсозии судӣ ва парлумонӣ, захираҳои инсонӣ ва рушди устувор авлавиятнок ба ҳисоб мераванд.

Баъд аз ниҳоӣ гардидан барномаи корӣ ва тақвими чорабиниҳои ЭКО барои соли 2022 аз ҷониби кумитаҳои соҳавии он дар охири рӯзи корӣ ва дар ҷаласаи умумии Шӯрои банақшагирии минтақавӣ бо раисии ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви ЭКО тасдиқ карда мешавад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин