Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

Хенг Ховинг: Аз Тоҷикистон дар соҳаи масъалаҳои об чизҳои зиёде омухтем

Хенг Ховинг: Аз Тоҷикистон дар соҳаи масъалаҳои об чизҳои зиёде омухтем“Дар доираи хамкории худ барои дар амал татбиқ намудани даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” дар натиҷаи табодули таҷриба дар ин самт мо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи масоили об чизҳои зиёде омухтем”-, ин нуқтаро намояндаи махсуси Нидерландия оид ба масалаҳои об дар Тоҷикистон Хенг Ховинг зимни нишаст бо хабарнигорон иброз намуд.

Номбурда зикр дошт, ки Шоҳигарии Нидерланд ва Тоҷикистон ҳамчун ҳамраисон ва Департаменти СММ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва СММ- об ҳамчун котиботи Конфиренсия ҷиҳати манзур намудани ҳамоиш ҳамчун лаҳзаи тағйирёбӣ барои ҷаҳон талош хоҳанд кард.

“Интизори мо аз конфронс он аст, ки тамоми аҳолии ҷаҳон бояд фаҳманд, қадрдонӣ кунанд, ки захираҳои обро беҳтар идора намоянд ва амалҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқгардидаро марбут ба захираҳои об, аз ҷумла Рӯзнома барои рушди устувор барои давраи то соли 2030-ро қабул кунанд”-, гуфт Хенг Ховинг дар идома.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин