Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

Хенг Ховинг Тоҷикистонро каҳрамони ҷахон дар соҳаи масалаҳои об унвон кард

Хенг Ховинг Тоҷикистонро каҳрамони ҷахон дар соҳаи масалаҳои об унвон кардДар доираи омодагиҳо барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, — 2018-2028» имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг доир гардид.

Дар нишаст Хенг Ховинг намояндаи махсуси Нидерландия дар Тоҷикистон оид ба масалаҳои об, Султон Раҳимзода раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои хориҷӣ, коршиносон ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ҳамоиши байналмилалии дар пешистода бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии СММ гузаронида шуда, барои ноил шудан ба вазифа ва ҳадафҳои марбут ба об, ҳамчунин барои тақвият бахшидани “овози байналмилаии об” ва барои таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ зарур дониста мешавад.

“Тоҷикистон на танҳо каҳрамони соҳаи об мебошад, балки фаротар аз он, яъне кишваре, ки шарики мутамаддини ҷаҳонӣ мебошад ва дар ҳалли масоили об дар сатҳи байналмилаӣ нақши калидӣ дорад”-, гуфт Хенг Ховинг намояндаи махсуси Нидерландия дар Тоҷикистон оид ба масалаҳои об.

Гуфта шуд, ки дар назар аст, дар доираи баргузории конфронс оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, — 2018-2028» чандин чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, инчунин намоишҳои театрикунонидашуда ва фестивали об баргузор гарданд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки шурӯъ аз 22 марти соли равон бахшида ба даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор дар кишвар марафон доир гардида, то 22 марти 2023 давом меёбад.

Дар конфронси даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, — 2018-2028», ки муаллифи асосии он Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, намояндагон аз кишварҳои аъзои СММ ва шахсони баландпояи созмонҳои минтақавӣ даъват мегарданд.

Баргузории конфронси мазкурро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Нидерландия ҳамраисӣ мекунанд.

Аз ин рӯ, дар назар аст, ки ҳайати Нидерландия ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи сафари худ аз НБО-и Норак дидан менамоянд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин