Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Дар соли 2021 беш аз 79 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ДСРТ дохил шуданд

Дар соли 2021 беш аз 79 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ДСРТ дохил шудандЯке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.

Тавре ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Ходжазода Тоҳир Абдулло зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, то соли 2021 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, 322 нафар аз 11 кишварро ташкил дод.

Мавсуф қайд намуд, ки дар соли таҳсили 2021-2022 79 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз 8 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 59 нафар дар зинаи бакалавриат, 11 нафар дар зинаи магистрӣ ва 4 нафар аспирант ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки як дастоварди дигари ДСРТ ҳамкории муштараки илмӣ бо кормандони факултети химияи Донишгоҳи давлатии Томск (ДТТ) дар соҳаи биотехнология мебошад. Ин бар он имконият медиҳад, ки муҳаққиқон дар соҳаи технологияҳои нав дар биотехнологияи саноатӣ, барои татбиқи минбаъда дар хоҷагии кишлоқ, инчунин дар истеҳсоли навъҳои зироатҳои хоҷагии кишлоқ усулҳои навро кор карда баромада, сифати онро баланд мебардоранд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин