Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши асарҳои наққошии омӯзгорон ва донишҷӯёнро баргузор намуд
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёну устодон ва меҳмонон – намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ намоиши асарҳои наққошии омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада таҳти унвони «Кундал» баргузор гардид. Дар ин бора Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар медиҳад.Ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода зинда гардонидани навъи санъати наққошии халқи тоҷик — кундалро дар нуҳ соли фаъолияти донишкада, ки тӯли ин муддат дар ин ҷо устодони ин санъат ба камол расидаанд, дастоварди муҳим номид.
Сипас, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода ва устоди Донишкадаи мазкур Маҳмадкарим Рақибов оид ба таърихи санъати кундал, рушди ин навъи санъат аз даврони қадим то ба имрӯз ба тамошобинон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.