Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

Бори аввал бо забони асл операи машҳури «Травиата» дар Театри давлатии академии опера ва балет намоиш дода шуд

Бори аввал бо забони асл операи машҳури «Травиата» дар Театри давлатии академии опера ва балет намоиш дода шуд26 ва 27 феврали соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети Точикистон ба номи С. Айнӣ намоиши операи ҷовидонаи Чузеппе Вердиро «Травиата» бори аввал ба забони асл ба намоиш гузошта шуд.

Лоиҳаи бузурги байналмилалӣ бо ибтикори директори Театр Камолиддин Сайфиддинзода, бо иштироки меҳмонони итолиёвӣ – беҳтарин ҳунармандони операи тоҷик ва оркестри беҳамтои мо бо роҳбарии профессори Консерваторияи Милан маэстро Делфо Меничуччи, ситораи итолиёвӣ Валерия Мела ба саҳна гузошта шуд. Валерия Мела дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, Россия, Чин, Сингапур, Ҷопон маъруф буда, ба тамошобинони тоҷик низ шинос аст. Моҳи майи соли гузашта Валерия Мела дар барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ дар саҳнаи театр ширкат дошт.

Алмоси репертуари классикӣ- «Травиата» -достони бебозгашт дар бораи рӯҳи гумшудаест, ки барои наҷот талош дошта, бо ишқ шифо ёфтааст, дар саҳнаи театр савти тоза пайдо намуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин