Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

“Тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ”. Дар Душанбе озмуни нав баргузор мегардад

“Тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ”. Дар Душанбе озмуни нав баргузор мегардад





















Дар соли 2022 дар Душанбе озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, дар ин маврид қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ содир шуда, барои баргузории ин озмун 383 230 сомонӣ ҷудо гардид.

Ҳадаф аз ташкили озмуни мазкур рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд зикр мегардад.

Ташкил ва баргузории озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” дар ҳолест, ки солҳои 2020 – 2040 аз сӯйи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин