Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

Ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерландро дар мавзӯоти об баррасӣ намуданд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерландро дар мавзӯоти об баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гаага мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода бо Директори кулли Департаменти «Рушди сабз»-и Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд, Сафири вижа оид ба рушди мустадом Рене ван Ҳелл баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ду ҷониб зимни баррасии ҷомеи масоили муносибатҳои тарафайн ба ҳамкории Тоҷикистону Нидерланд дар мавзуоти об, ки ҳарду кишвар дар он пешсафанд, таъкид намуда, аз нияти ширкати фаъоли Подшоҳии Нидерланд дар конфронси қарибулвуқӯи об дар Душанбе истиқбол намуданд.

Ҳангоми мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба номи Сарвазири Нидерланд Марк Рютте ба ҷаноби Рене ван Ҳелл тақдим намуд.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Делфти Нидерландия мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректори Институти оби Делфт, ки дар ҷаҳон маъруф аст, профессор Эдди Моорс баргузор гардид.

Ҳамсуҳбатон дар мавзӯи ҳамкории босамари кишварҳо дар масоили об мубодилаи афкор намуда, дар бораи мушаххасоти Конфронси қарибулвуқӯъ дар Душанбе, ки зимни ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт, ибрози андеша намуданд.

Профессор Э. Моорс ба фаъолияти кишвари мо дар бахши рӯзномаи умумиҷаҳонии об баҳои баланд дода, аз омодагии хеш барои ширкат дар Конфронси оби Душанбе (июни соли 2022) ва Конфронси оби Ню-Йорк (марти 2023) иттилоъ дод.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин