Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Дар Душанбе 110-солагии нашри нахустрӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои Шариф” таҷлил гардид

Дар Душанбе 110-солагии нашри нахустрӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои Шариф” таҷлил гардид












Бо ташаббуси Шӯъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз да шаҳри Душанбе бахшида ба 110-солагии нашри нахустрӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои Шариф” конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-оммавӣ доир гардид.

Конфронси мазкур зери унвони “”Бухорои Шариф” сароғози мактаби рӯзноманигории миллати тоҷик” баргузор шуда, дар он директори Китобхонаи миллӣ профессор Файзуллозода Ҷумахон Хол, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод, доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмонов, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ, устодони факултаи журналистика ва дигар намояндагони ВАО иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ муҳаққиқон ва устодони соҳаи матбуот доир ба фаъолияти Рӯзномаи “Бухорои Шариф” ва саҳми он дар рушди журналистикаи тоҷик маърӯзаҳои пурмӯҳтаво пешниҳод намуданд, аз ҷумла зикр гардид, ки ин рӯзнома ба забони содаи оммафаҳм мардумро аз воқеъаҳои чаҳон огоҳ сохт. Дар он мақолаҳое нашр мешуданд, ки фарогири масъалаҳои таблиғотию ташвиқотӣ буданд ва ба омӯхтани илму дониш талқин мекарданд.

Тавре директори Китобхонаи миллӣ профессор Файзуллозода Ҷумахон Хол иброз намуданд, расо 110 сол муқаддам дар ин шабу рӯзҳо як зумра равҳанфикрони дурандеши тоҷик новобаста аз фазои тираву тори аморати тарҳу нақшаи мондагори нашри рӯзномаи “Бухорои Шариф”-ро мекашиданд. “Маҳз талоши онҳо буд, ки имрӯз мову Шумо 110-солагии нашри ин рӯзномаро таҷлил менамоем”-, гуфт номбурда.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки солҳои қабл барои мутолиаи ин нашрия ба хориҷи кишвар сафар менамудем, имрӯз 150 шумораи “Бухорои Шариф” дар махзани электронии шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд ва барои ҳар як муҳаққиқ ройгон дастрас мебошад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи “Бухорои Шариф” бо ташаббусу дастгириҳои рафшанфикрон ва тоҷирони бофарҳанги Бухороӣ, Мирзо Муҳиддин Мансуров ва шоир Мирзо Сироҷи Ҳаким аз 11 марти соли 1912 аввалин маротиба дар матбааи хусусии тоҷири яҳудӣ Л.Н.Левин воқеъ дар шаҳри Когон яъне Бухорои нав нашр гардид.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин