Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

Барои филмсозон: ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” таъсис ёфт

Барои филмсозон: ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” таъсис ёфт






















Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯз барои филмсозон ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” таъсис дода шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии “Тоҷикфилм” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, муассисони ҷоизаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Тоҷикфилм» мебошанд.

Гуфта мешавад, маросими нахустини супоридани ҷоизаи “Тоҷи Сомон” рӯзи 1 апрел дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

“Бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз” Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор мешавад”, – зикр мегардад дар сомонаи расмии “Тоҷикфилм”.

Дар озмуни ҷоизаи мазкур филмҳои нави миллӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз сӯйи филмсозони кишвар рӯйи навор омадаанд, муаррифӣ хоҳанд шуд.

Барномаи ҷоизаи мазкур аз озмуни филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ иборат мебоша
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин