Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Темур Раҳимов соҳиби медали биринҷии мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022» гардид

Темур Раҳимов соҳиби медали биринҷии мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022» гардид





















Темур Раҳимов соҳиби медали биринҷии мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022» гардид.

Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудои «Antalya Grand Slam 2022», ки аз 1 то 3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг мусобиқаро аз даври дуюм шурӯъ карда, бар Григорий Приор аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Магамедумар Магамедумаров аз Аморати Муттаҳидаи Арабӣ пирӯз шуд. вале дар даври чорякниҳоӣ аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз шикаст хӯрд. Темур сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Ушангӣ Кокаурии озарбойҷонӣ ва дар қувваозмоӣ барои мақоми сеюм Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро мағлуб кард.

Варзишгари дигари ҷудокори кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг мақоми ҳафтумро соҳиб гашт. Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар ду давр бар намояндагони Озарбойҷон (Руфат Исмоилов) ва Чех (Давид Кламмерт) пирӯз шуда, дар даври чорякниҳоӣ аз Лука Маисурадзеи гурҷистонӣ ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз Луис Крибер Гагнони кандаӣ шикаст хӯрд.

Дигар варзишгаронамон дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи ҷудои «Antalya Grand Slam 2022» боиштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд. Дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар: Меҳрзод СӮФИЕВ (-60кг), Абубакр ШЕРОВ (-66кг), Шаҳбоз САИДАБРОРОВ (-66кг), Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг), Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг), Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (-90кг), Абубкри АКОБИР (-100кг), Темур РАҲИМОВ (+100кг) ширкат кард.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамин тариқ, соҳиби мақоми аввал 5000 евро, мақоми дуюм 3000 евро ва зинаи сеюм 1500 евро ба даст оварданд.

Бояд гуфт, ки ин медали панҷуми Темур Раҳимов дар мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо мебошад. Ӯ соли 2019 дар Гран Прии Марокаш медали биринҷӣ, соли 2021 дар Гранд Слами Боку медали нуқра, дар Гранд Слами Абу Дабӣ медали биринҷӣ, соли 2022 дар Гранд Слами Тел Авив медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин дар Чемпионати Осиё/Уқёнус соли 2019 сазовори медали нуқра ва соли 2021 сазовори медали биринҷӣ гардидааст.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин