Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Дар Бохтар вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон доир гардид

Дар Бохтар вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон доир гардид















28 март – 2 апрели соли 2022 дар шаҳри Бохтари Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодоти мувофиқашуда оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон омода карда шуданд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин