Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

«Маликаи шӯх»-и Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе ба Ӯзбекистон рафт

«Маликаи шӯх»-и Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе ба Ӯзбекистон рафт











































Аз 4 то 15 апрели соли равон Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе тибқи даъвати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намоиши «Маликаи шӯх»-и муаллиф Ҳотам Салимов, дар таҳияи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард. Дар ин бора аз Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, театр дар шаҳрҳои бостонии Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияҳои Риштон ва Сух намоишномаи “Маликаи шӯх”-ро манзури тамошобинон гардонад.

Ёдовар мешавем, ки аз 11 то 20 марти соли равон, бахшида ба Иди байналмилалии “Наврӯз” Театри давлатии лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҳунарӣ намуд ва намоиши «Чойхонаи мусиқӣ»-ро манзури тамошобинони тоҷик гардонид.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин