Иштирок дар Маҳфили омӯзишии "Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат"
- 08.04.2022, 16:43,
- Хабари рӯз / Фарҳанг / Ҷавонон
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+

Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар маҳфили омӯзишии "Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат" ширкат ва бо ҳозирин мубодилаи афкор намуд.
Маҳфил дирӯз, 7-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, Рудобаи Мукаррам дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистони навин” дарс дод.
Маҳфили омӯзишии "Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат" бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз соли 2017 моҳе як маротиба баргузор мешавад. Дар он мутахассисони варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону донишмандон оид ба паҳлӯҳои мухталифи давлатдорӣ ва таърихи соҳибдавлатӣ, хусусиятҳои хоси фарҳанги миллати тоҷик ва дигар масъалаҳое муҳиме, ки бояд ҷавонон аз он огоҳӣ дошта бошанд, дарс медиҳанд.