Хонандаи тоҷик Марям Шукурова соҳиби медали тиллои Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба «Гимнастикаи бадеӣ-Aspire 2022» гардид
- 08.04.2022, 16:48,
- Хабари рӯз / Варзиш
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+

Хонандаи синфи 5-и Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Марям Шукурова дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба «Гимнастикаи бадеӣ-Aspire 2022» сазовори медали тилло ва туҳфаҳои гаронарзиши мусобиқа гардид.
Марям Шукурова дар мусобиқаи мазкур аз худ маҳорати баланди гимнастикӣ нишон дода, сазовори медали тилло ва туҳфаҳои гаронарзиши мусобиқа гардид ва ба захираҳои олимпии шаҳри Душанбе дастоварди нодир зам намуд.
Бояд гуфт, ки Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба «Гимнастикаи бадеӣ-Aspire 2022» миёни наврасон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб охири моҳи март ва аввали моҳи апрел доир гардид.