Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Липетски Русия ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро вусъат мебахшанд

Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Липетски Русия ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро вусъат мебахшандМиёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск якчанд созишномаи ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин санадҳо минбаъд ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ тавсеа бахшида мешавад. Чунин зикр гардид зимни мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати соҳибкорони вилояти Липетски Федератсияи Русия, ки бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов дар вилояти Суғд қарор дорад.

Дар мулоқоти васеи ҷонибҳо, ки дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт, ҳарду тараф хостори тақвияти ҳамкорӣ ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот шуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки вилояти Суғд дорои имконияти зиёд буда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст. Доираҳои тиҷоратии ҳарду вилоят метавонанд барои ташкили корхонаҳои муштарак иқдом кунанд, ки ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд. Ҳамзамон маълумот дода шуд, ки дар вилояти Суғд маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол гардидаву коркард мешавад ва содироти он ба бозорҳои вилояти Липетск метавонад манфиатовар бошад.
Анатолий Голтсов бо қаноатмандӣ аз истиқболи самимӣ аз густариши робитаҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори хушнудӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки вилояти Липетск ба афзоиши додугирифти тиҷоратӣ омода аст ва ба меваю сабзавоти Тоҷикистон дар Русия талабот мавҷуд аст.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск якчанд созишномаи ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин санадҳо минбаъд ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ тавсеа бахшида мешавад.

Сипас, ҳайати меҳмонон дар Боғи миллии «Ваҳдат» аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид карданд. Ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаҳои кишоварзиву саноат, истеҳсоли маҳсулот ва имконияти содирот ба Федератсияи Русия маълумот дода шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин