Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Тоҷикистон ва Литва нақша доранд корхонаҳои муштарак оид ба коркарди металлургия таъсис диҳанд

Тоҷикистон ва Литва нақша доранд корхонаҳои муштарак оид ба коркарди металлургия таъсис диҳандМасъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди металлургия миёни Тоҷикистон ва Литва имрӯз зимни вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Қазоқистон Гинтаутас Васюлис баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавсеа ва рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Литва таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории муосир ва имконияти рушди ҳамкории минбаъда табодули назар намуданд. Зикр гардид, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.

Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳарду кишвар, бахусус зиёд кардани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.

Ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди металлургия, корхонаҳои фармасевтӣ, мошинсозӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок пешкаш гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати литвагӣ, пеш аз ҳама, барои истиқболи гарму самимона ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин