Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Шариф Назарзода сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғро ба тақвияти ҳамкории дуҷониба даъват намуд

Шариф Назарзода сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғро ба тақвияти ҳамкории дуҷониба даъват намудИмрӯзҳо сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шариф Назарзода бо сокинони маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Хоруғ мулоқоту суҳбатҳои озоду ошкоро доир намуда истодааст, ки ҳадафи асосии он ташкили фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ миёни аҳолӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

Тавре дар Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин силсиламулоқот ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкории милитсия бо аҳолӣ, ҳалли муаммову проблемаҳои ҷойдошта дар маҳал, шунидани арзу дархост ва пешниҳодоти сокинон вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ ва боло бурдани эътимоду боварии мардум ба милитсия чун сипару такягоҳ доир мегарданд.

Дар доираи ин иқдом сардори мақомоти корҳои дохилии ВМКБ Шариф Назарзода ба маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ рафта, нахустин вохӯрию суҳбати озоди худро бо сокинони маҳаллаҳои Тем, Фурудгоҳ ва Селхозтехника баргузор намуд.

Зимни мулоқот Шариф Назарзода нахуст аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалӣ намудани якчанд барномаву стратегияҳои давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сухан гуфт.


Ӯ сипас ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, таъмини волоияти қонун, эҳтироми калонсолон дар ҷомеа, пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ба яке аз минтақаҳои амнтарини кишвар табдил додани Бадахшон диққати махсус зоҳир намуда, баррасии фаврии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва ҳалли муаммову проблемаҳои ҷойдоштаи аҳолиро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят ҳисобид.

Сардори мақомоти милитсияи вилоят аҳолии маҳаллаҳоро даъват намуд, ки баҳри таъмини пурраи волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ бо мақомоти милитсия ҳамкории дуҷонибаро тақвият дода, барои ташкили фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ саҳми арзанда гузоранд.

Баргузории мулоқотҳои судманд дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ идома меёбад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин