Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Форумҳои сармоягузорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия давоми соли равон баргузор карда мешаванд

Форумҳои сармоягузорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия давоми соли равон баргузор карда мешаванд18 апрел вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов дар Донишгоҳи иқтисод ва технологияи TOBB бо Президенти Иттиҳодияи палатаҳои тиҷоратию саноатӣ ва биржаҳои молии Туркия (TOBB) Рифат Ҳисарҷиклиоглу баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар, аз ҷумла гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022–2026, дар таҳрири нав қабул гардидани Кодекси андози Тоҷикистон, ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркия ва афзоиши шумораи хатсайрҳои миёни шаҳрҳои ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти мубодилаи таҷриба вобаста ба рушди институтсионалӣ ва ташаккули инфрасохтори муосири соҳибкорӣ, бахусус баланд бардоштани иқтидори ассотсиатсияву палатаҳои тиҷоратии Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ ташкил намоянд. Инчунин ҷиҳати рушди ҳамкорӣ миёни бахши хусусии ду кишвар бо мусоидати ҷонибҳо давоми соли равон форумҳои сармоягузорию тиҷоратӣ ташкил карда мешаванд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин