Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илм бинои Институти астрофизика ифтитоҳ гардид

Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илм бинои Институти астрофизика ифтитоҳ гардидИмрӯз бахшида ба Рӯзи илм дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд. Сараввал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, олимони ҷумҳурӣ дар назди нимпайкараи яке аз бунёдгузорони Академияи фанҳо, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров гулчанбар гузоштанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Сипас, бо иштироки намояндагони ҳукумат ва олимони мамлакат бинои маъмурии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ ифтитоҳ гардид. Бино бо тарҳи муосир аз ҷониби ширкати ватании «Авесто-гурӯҳ» сохта шуда, аз чор ошёна иборат аст. Ошёнаи якуми бино аз осорхона, хобгоҳи олимони ҷавон ва ошхона иборат буда, ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кориро дар бар мегирад. Дар ошёнаи сеюм маъмурияти Институт фаъолият карда, ошёнаи чорумро толори маҷлисӣ ва синфхонаҳои тадрисӣ фаро гирифтаанд.



Иҷрокунандаи вазифаи директори Институти астрофизика Фирӯза Раҳматуллоева иброз дошт, ки 60 фоизи кормандони институтро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бинобар ин дар ошёнаи якум барои онҳо хобгоҳ таҳия гардидааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ берун аз бинои маъмурӣ дар расадхонаҳо ва пойгоҳҳои илмии Институти астрофизика, чун «Санглох» ва «Ҳисор» анҷом пазируфта, сафи кормандони соҳибтахассус дар бинои маъмурӣ 27 нафарро ташкил медиҳад.

Баъди ифтитоҳи Институти астрофизика дар Академияи миллии илмҳо маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро бо Рӯзи илми тоҷик табрик намуда, нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рушди ҳамаҷонибаи мамлакат таъкид сохт.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки таъмини рушду тараққии мамлакатамон аз бисёр ҷиҳат аз шакли фаъолияти илмии олимони АМИТ вобаста мебошад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода зикр кард, ки «илм аз омилҳои асосии рушди инсон маҳсуб мешавад. Бинобар ин, агар инсон фарогири илм бошад, дар ҳаёти ҳамарӯза, ҳатто дар зиндагии инфиродияш мушкилиҳо кам ба назар мерасанд».

Дар анҷоми ҷаласаи тантанавӣ ба олимоне, ки сазовори ҷоизаҳои АМИТ ба номи олимони барҷаста дар соли 2022 шудаанд, дипломҳо супорида шуданд. Ба гурӯҳи олимоне, ки соли гузашта дастовардҳои назарраси илмӣ доштанд, ифтихорномаи АМИТ супорида шуд.

Инчунин як гурӯҳ кормандони раёсати АМИТ ва муассисаҳои илмии зертобеъ бо дипломҳо қадрдонӣ шуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин