Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ19 апрели соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд мулоқоти судманд таҳти мавзӯи «Оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он дар ҷомеа» дар доираи татбиқи банди 6-уми нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.
Дар ин мулоқот фаъолони шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ҷамоатҳою деҳот, имомхатибон, собиқадорону ҷавонони ватандӯсти шаҳри Конибодом ҳузур доштанд.
Вохӯрии мазкурро нахуст Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, гурӯҳи кории Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Оқилзода Нурулло - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Рудобаи Мукаррам - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, Абдураҳмон Ваҳҳобзода - муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Саидмукаррам Абдуқодирзода - раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иштирокчиён шинос карда, ҳузури онҳоро ба Конибодоми бостонӣ хайрамақдам гуфт.
Сараввал Оқилзода Нурулло- мушовири калони бахши Ёрдамчии калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба сухан баромада, қайд кард, ки тоҷикон таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳофар мебошад. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофаринӣ пазируфта шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд. Ин ҳам аз нуфузу аҳамият ва мақому мартабаи Созишномаи сулҳи тоҷикон шаҳодат медиҳад. Ҳаводиси фоҷиабору харобиовари охири асри гузашта моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки барои эмин нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.
Сипас Рудобаи Мукаррам - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, бо қироати ашъори ватандӯстонаву сулҳпарваронааш табъи ҳозиринро шод сохт. Ҳамчунин мавсуф изҳор дошт, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 25 - солагии Ваҳдати беназиру беқиёси кишварамонро ҷашн мегиранд. Дар тӯли ин солҳо, ки барои миллати сарбаланду фарҳангпарвари мо марҳалаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад, воқеан ҳам, ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб баланд гардид. Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як омили эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфт. Барои ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои сулҳу субот ва давлатдориамонро таҳким бахшид. Аз ин рӯ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамеша ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, талош меварзад.
- Яке аз зуҳуроти номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин амалҳои террористию экстремистӣ ба шумор мераванд. Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Террорист миллат, Ватан ва дину мазҳаб надошта, мубориза бар зидди ин зуҳурот муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Бинобар ин, ҳар яки моро имрӯз лозим аст, ки ба муқобили чунин афрод, гурӯҳ сарҷамъона мубориза бурда, барои нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем - гуфт зимни баромад раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Дар интиҳо Абдураҳмон Ваҳҳобзода - муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодомро муваззаф намуд, ки зимни баргузории тӯю маъракаҳо ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Кӯшиш намоянд, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда рафтор ва зиндагиашонро маҷро бахшанд.
Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин