Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Идомаи сафари корӣ ба ҷамоатҳои шаҳри Исфараи вилояти Суғд

Идомаи сафари корӣ ба ҷамоатҳои шаҳри Исфараи вилояти СуғдДар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари зикри дастоварду камбудиҳои тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар ба масъалаи ифротгароиву хурофотпарастӣ ва канораҷӯӣ аз он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Оид ба ин масъалаи доғи олам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: “Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад”.
Дар ин замина тибқи Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2022, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баргузории мулоқоту вохўриҳо доир ба мавзӯҳои муҳими ҷаҳони муосир аз ҷумла "Оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он дар ҷомеа" бо сокинони шаҳрҳои Конибодому Исфараи вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда буд, бо маром идома ёфт.
Дар инҷост, ки вохурии гурӯҳи кории роҳбарият ва аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатҳои шаҳри Исфара бо натиҷаҳои назаррас анҷом пазируфт.
Дар чорабинии илмиву маърифатие, ки бо иштироки фаъолонаи се ҷамоат, Ҷамоати Ворух, Ҷамоати Сурх ва Ҷамоати Чоркӯҳ дар Қасри Фарҳанги Ворух баргузор гардид дар оғоз Оқилзода Нурулло - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид сохт, ки "Дар шароити пурҳассос ва равандҳои пуртаззоди ҷаҳони муосир доштани сулҳу оромӣ ва ҳифзи ваҳдати милливу якпорчагии Ватан кори саҳлу осон набуда ва дар ин раванд, пеш аз ҳама бояд ҷавонону наврасон, падарону модарон, аҳли илму маориф ва зиёиён беш аз ҳар вақти дигар дар канори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истод шуда ва дар сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол бетараф набошанд ва ҳар кадоме аз мо бояд дар роҳи решакан намудани ифротгароиву хурофотпарастӣ дар зеҳну замири ҷавонон қадамҳои устувор гузорем".
Дар ин чорабинӣ, ки таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ҷараён гирифт масъалаҳои мубрами рӯз оид ба пешгирӣ аз ифротгароиву хурофотпарастӣ аз нигоҳи илмиву дақиқ дар ҳузури фаъолонаи аҳли ҷомеа баррасӣ гардид. Дар мавқеъи худ Раиси Кумитаииҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёиТоҷикистон Рудобаи Мукаррам бо ёдоварӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид сохт, ки "Муҳтаво ва мазмуни вожаи хурофот ва ё хурофотпарастӣ пайравии кӯр-кӯрона аз ақоиди беасос ва дур аз воқеият аст.
Мутафаккирон ва ҷомеашиносон мегўянд, ки хурофот асосан аз нодонӣ ва ҷаҳолати одамон сар мезанад, зеро онҳо ба сухани ҳар гуна мардумфиребон, ҷодугарон, фолбинон, тилисмшиканон, бовар мекунанд. Воқеан хурофот дар зеҳни мардуме шакл мегирад, ки бобати ин ё он мавзӯъ дониши кофӣ надоранд ва маҳз дар байни гурӯҳҳое густариш пайдо мекунад, ки сатҳи донишу маърифаташон паст мебошад. Маҳз барои ҳамин Президенти мамлакат барҳақ таъкид намуданд, ки “Хурофот ҷаҳолат аст”.
Ва ҳамин тариқ Рудобаи Мукаррам бо пайравӣ аз ҳидоятҳои хирадмандони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи азизу шарифи Исфара ба хусус сокинони ҷамоатҳои Сурх, Ворух ва Чоркӯҳи Исфараро ба таҳаммулпазирӣ, муроъот, хештандорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ, мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир аз ҷумла ифротгароӣ, даҳшатафканӣ, хурофотпарастӣ ва ҷудоихоҳӣ даъват намуд. Ҳамин тариқ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам таъкид намуд, ки Ворухи қадим ва хоки Исфараи бостон порае аз ҷисми абадзиндаву абадбунёни тоҷикон ва Тоҷикистон буда, вазъи равонии минтақа ва ҳаводиси айём давоми солҳои охир дар ин гӯшае аз Ватани маҳбубамон ба мардуми ин минтақа ба хусус ҷавонони ба ору номуси он зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии воло, илму дониш ва сарҷамъиву ҳамбастагиро дар роҳи ҳифзи марзу буми аҷдодӣ тақозо менамояд.
Ҳамин тариқ дар идомаи чунин чорабинии судманд Саидмукаррам Абдуқодирзода - раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овардани далелҳо аз Қуръони Карим ва дини мубини Ислом падидаҳои ифротгароиву хурофотпарастиро аз нигоҳи улуми диниву дунявӣ маҳкум намуда аз ҷумла таъкид намуд, ки "То замоне, ки хурофотро аз ҷаҳонбинии ҷавонон ва дар маҷмӯъ тамоми қишрҳои ҷомеа ба таври куллӣ берун насозем, ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар арсаҳои мухталифи илму техника ғайиимкон аст. Аммо чӣ гуна бояд нагузорем, ки ҷавонони мо хурофотзада бошанд? Ин як роҳ дорад ва он ҳам дар Паёми Президенти кишвар садо дод: “Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чӣ духтару чӣ писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд”.
"Илм нур аст ва ҷаҳл торикӣ" бо овардани чунин андарзи судбахш Саидмукаррам Абдуқодирзода илова намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сармояҳои бузурги инсонӣ буда, моро мебояд, ки дар шинохти маъорифи дунявӣ ва илми муосир ҳаргиз дар канор намонем ва пайваста дар роҳ талошҳои созандаро амалӣ намоем.
Аз ҷониби худ муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳҳобзода Абдураҳмон суханронӣ намуда, иброз намуд, ки "Хушбахтона, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хурофоту ифрот дар тӯю маърака ва маросимро аз байн бурд ва самараҳои ин санади миллиро ҳар оилаи кишвар бо чашмони худ дид. Акнун замони он расидааст, ки тамоми унсурҳои хурофотии боқимонда дар зеҳни мардум, ки мисли зањри ќотил ба ақлу рӯҳи бархе аз гурӯҳҳои ноогоҳ печидааст, решакан карда шавад. Зеро ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки гуфтаанд; "Бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад".
Муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён суханронӣ намуда ҳузури меҳмонон ва иштирокдоронро ба ин гӯшаи ободи Тоҷикистон, аз ҷумла ба шаҳри бостониву зархези Исфараи куҳан хайрамақдам гуфта, барои ватани маҳбубамон осоиш, субот ва барои мардумонаш саодати дунёро таманно намуд.
Ҳамин тариқ дар ҳошияи чорбинӣ ва вохуриҳо ҳамзамон намояндагон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворухи Исфара суханронӣ намуда, ҳама аз сиёсати оқилонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиболи муборизаи беамон дар муқобили хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва бегонапарастиву зиёдаравӣ дифоъ намуда, ҳар яке мавқеъи созандаи худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ ва таҳкими Ваҳдати Миллӣ дар Тоҷикистон баён доштанд.
Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин