Дар Душанбе дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ баррасӣ гардид
- 27.04.2022, 14:22,
- Хабари рӯз / Иқтисодиёт
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зимни ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар дар шакли рӯнамо муаррифӣ шуд. .Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Фарҳод Восидиён зикр намуд, ки ҳадафи муаррифии дурнамо иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок ва оқилона истифода намудани иқтидори мавҷуда, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҷойҳои кории нав, ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим, рушди бахши хусусӣ ва дар маҷмӯъ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иқтисоди кишвар мебошад.
Зикр шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ диққати махсус дода шавад.
Дар анҷом аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар дурнамои соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар шакли рӯнамо муаррифӣ гардид.