Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Нашри якчанд китобчаҳои бачагона аз тарафи нашриёти «Адиб»

Нашри якчанд китобчаҳои бачагона аз тарафи нашриёти «Адиб»Нашриёти «Адиб» якчанд китобчаҳои бачагона, аз ҷумла «Офтобак хандид»-и Абдулҳамид Самад, «Меҳмони кайҳонӣ»-и Гулчеҳра Муҳаммадиева, «Куҷо шудӣ, офтобак?»-и Сафар Амирхон, «Бахти осмонӣ» — афсонаҳои кореягӣ ва «Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо» -ро ба нашр расонид, дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Адабиёти бачагона ҷузъи муҳими адабиёт аст, зеро донишу ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ ва афкори кӯдак маҳз дар натиҷаи мутолиаи асаре, ки мувофиқи завқи ӯст, ба вуҷуд меояд.

Мояи хушнудист, ки солҳои охир дар мамлакат китобҳои кӯдакона бо забони ноби тоҷикӣ бениҳоят хуб ва бо дизайни ҳозиразамон, диққатҷалбкунанда ва хонданибоб ба нашр мерасанд. Хушбахтона, имрӯзҳо теъдоди ин гуна китобҳо афзудааст. Дар баробари ин, тарҷумаи китобҳои кӯдаконаи дигар миллатҳо низ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, дастраси хонандагони хурдсол гардидааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар айни замон дар ҷумҳурӣ 79 китобхонаи бачагона бо хазинаи умумии зиёда 8 миллиону 535 ҳазору 824 нусхаи чопӣ ва маводи иттилоотӣ фаъолият менамоянд. Теъдоди аъзои хурдсоли шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бо китобҳои «Мунтахаби осор»- и Убайди Зоконӣ, «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Рубоиёт»-и Умари Хайём, панду андарзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, «Олуча гули бодом»-и Убайди Зоконӣ, «Харгӯшак»-и Гулниссо Ризвоншоева, «Баррача»-и Холбегим Давлатова, «Рӯд ва қатра»-и Нозирҷон Боҳирӣ ва ғайра диққати ҳар хонандаи хурдсолро ба худ ҷалб мекунад, ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасад.

Ёдовар мешавем, ки соли 13-ум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз 2 то 7 апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад. Ҳадафи асосии баргузории фестивал- ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин