Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ баррасӣ гардид

Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ баррасӣ гардидИмрӯз, 29 апрел бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ» конфронси маҷозии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон Анвар Насиров иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфта, мавзӯи баррасишавандаро муҳим ва арзишманд арзёбӣ карданд.

Аз ҷумла, иброз гардид, ки истифодаи оқилонаи об масъалаи муҳим ва мубрами рӯз на танҳо барои Тоҷикистон ва Узбекистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Бинобар ин, ҳифзи захираҳои обӣ, пешгирии обшавии пиряхҳо, кишт намудани навъҳои зироати оби кам талабкунанда, ҷорӣ намудани воситаҳои каммасрафи истифодаи об, махсусан усули қатравӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра ҷиҳати истифодаи оқилонаи об хеле зарур ва саривақтӣ мебошад. Зарур аст, ки дар Тоҷикистону Узбекистон ва дигар кишварҳои минтақа ба ҳалли мушкилоти ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

Иштирокчиёни ҳамоиш вазъ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди истифодаи оқилонаи обро дар Тоҷикистон ва Узбекистон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот, таҳкими ҳамкориро дар ин самт муҳим донистанд.

Конфронси маҷозии байналмилалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон Анвар Насиров ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин