Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ доир ба ҳимояи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мулоқот доир гардид

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ доир ба ҳимояи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мулоқот доир гардидБо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 5 май дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки доираи васеи сокинон ва фаъолон дар мавзӯи «Ҳимояи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» вохӯрӣ баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, муовини аввали Раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Маҳдӣ Орифзода иштирок ва суханронӣ карданд.

Рудобаи Мукаррам оид ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва роҳҳои таҳкими он ибрози назар намуда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба онҳоро рисолат ва вазифаи ҳар соҳибватан унвон кард.

Зикр шуд, ки имрӯз миллати тоҷикро бо забон, фарҳанг, тамаддуни воло, таърихи пурғановат, рамзҳои давлатӣ, таҷрибаи сулҳофарӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва дигар унсурҳои муҳим эътироф мекунанд, мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.

Раиси Кумитаи иҷроия аз Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар чун муқаддастарин арзиши миллӣ ёдовар шуда, гуфт, ки «эҳтирому эътирофи миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ аз доштани ҳудуди ҷуғрофии муайян, Истиқлоли сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиши миллати тоҷик сарчашма гирифтаанд. Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими ин ду арзиши муҳим шарти пойдории давлатдории миллӣ ба шумор меравад».

Дар идома Лутфия Абдухолиқзода оид ба дастовардҳо ва пешравиҳое, ки дар замони соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик ба онҳо ноил гардид, ибрози назар кард.
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ доир ба ҳимояи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мулоқот доир гардид

Ӯ тазаккур дод, ки тамоми муваффақият ва пешравиҳои кишвар ба қаҳрамонӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад.

Таъкид гардид, ки шаклгирӣ ва эҳёи арзишу муқаддасоти миллӣ бо соҳибихтиёр гардидани давлат вусъат гирифта, роҳи миллат ба сӯйи худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳамвор шуд.

Муовини Вазири маориф ва илм зикр намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар се озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуд, ки аз ҷониби аҳолӣ, махсусан хонандагону омӯзгорон ва ҷавонону табақаи калонсоли кишвар дастгирии васеъ пайдо карданд. Раванди баргузорӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳо далели он аст, ки мардуми тоҷик ба суннати ниёгони худ арҷ гузошта, дар муаррифии ҳунару истеъдод, маҳорату малакаҳои дониш аз илму фанҳои табиию риёзӣ ва китобхонию суханварӣ ҷаҳду талош менамояд.
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ доир ба ҳимояи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мулоқот доир гардид
Абдураҳим Холиқзода аз омилҳои манфие, ки ба арзишҳои фарҳангӣ, муқаддасоти миллӣ ва давлатдории кишвар таҳдид менамоянд, ёдовар шуда, даъват намуд, ки ба муқобили ин хатарҳо устуворона мубориза баранд.

Зикр шуд, ки воқеаву ҳодисаҳои замони муосир, равандҳои геоиқтисодиву геопалитикӣ, сиёсатбозиҳои абарқудратҳо, таҳмили ғояҳои ифротӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ аз таҳдидҳои ҷиддие ба ҳисоб мераванд, ки имрӯз ҳар кишвари мустақил аз онҳо хавф мебарад. Таъкид гардид, ки чунин шакл гирифтани авзои ҷаҳон моро водор мекунад, ки ба масъалаи дарёфти роҳҳои муассири мубориза бо таҳдиду хатарҳо саъйу талош намоем.

Дар фарҷоми вохӯрӣ намояндагони касбу кори гуногун, аҳли ҷамоат, имомхатибон, занон ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ваъда доданд, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳо ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба талош намуда, дар ободиву пешрафти диёри худ саҳм мегузоранд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин