Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд

Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шудДурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ имрӯз дар Душанбе дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Роҳбари Дафтари СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баррасӣ гардид. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусоҳибон татбиқи Ҳадафҳои рушди устуворро дар маҳал тавассути барномаҳои ташаббусҳои сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки раванди рушд арзёбӣ карда, барои амалисозии он ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ гардида, барои ворид шудани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.

Чанде қабл дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили доир гардид, ки дар он масоили марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин