Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд

Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шудИмрӯз бо ташаббуси Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯён таҳти унвони «Дунявият ҳамчун принсипи конститутсионӣ ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва пешгирии ифротгароӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ваҳҳобзода таҳаммулпазирии динию ҳамзистӣ бо пайравони дигар динҳоро маҳаки асосии таълимоти дини Ислом ва хусусан мазҳаби ҳанафӣ дониста, зикр намуд, ки “имрӯз дар ҳудуди кишвар беш аз 60 ташкилоти ғайриисломӣ, ки динҳои гуногуни ҷаҳониро муаррифӣ мекунанд, расман ба қайд гирифта шуда, озодона дар баробари мусалмонон фаъолият карда, эътиқоди динии худро қонеъ месозанд”.

Ба гуфтаи мавсуф, мутаассифона, дар замони муосир ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ маҳз аз даричаи эътиқоди динӣ ва арзишҳои динӣ таблиғоти худро густурда ба роҳ монда, мехоҳанд наврасону ҷавонони моро ба сафҳои худ шомил созанд. «Хурофотпарастӣ, ҷаҳолат, бесаводӣ ва дар натиҷа ба ифротгароӣ расонидани мардум нақш ва мақсади асосии ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ ба шумор меравад. Дар натиҷаи фаъолият ва тарғибот миёни наврасон ва ҷавонон иддае аз ҷавонони мо дар ҳар давру замон, хосатан дар ибтидои солҳои 90-ум, солҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро дар масири истиқлол мегузошт, дар мафкураи мардум ақидаҳои эътирозӣ ва зиддимиллӣ ҷой карданд, ки натиҷаи он ба ҳамагон маълум аст»,-изҳор дошт А.Ваҳобзода.

Дар кори конфронс зикр гардид, ки дунявият мутамаддинтарин шакли давлатдорӣ, муносибтарин сохт ва муваффақтарин усули сиёсати давлат дар муносибат бо фазои динӣ ба шумор меравад.


Ба андешаи муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил Баротов, «имрӯз дунявият агарчанде объекти баҳсҳои гуногуни доираҳои алоҳидаи илмӣ, марказҳои зеҳнӣ, мақомоти қудратӣ ва дигар ниҳодҳо қарор гирифта бошад ҳам, вале масъалаи муаррифии андешаҳои дунявият, ҷойгоҳи дин дар низоми давлати дунявӣ, мақому эътиқодоти динӣ дар низоми давлати дунявӣ ва таҳкиму густариши ин гуна андешаҳо дар шароити таҳкими давлатдории тоҷикон то андозае нокомил боқӣ монда, ҳолати мазкур боиси бардошти ғалат аз давлати дунявӣ ва андешаҳои дунявият гардидааст. Мутаассифона, аксари қишрҳои ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қишрҳои рӯшанфикр ва доираҳои огоҳ аз низоми арзишҳои дунявият бардошти ғалат доранд. Зеро замоне ки сухан аз арзишҳои дунявият меравад, беихтиёр пеши назари доираҳои ноогоҳ динситезӣ, таассуб ва нафрату бадбинӣ нисбат ба дин меояд. Дарвоқеъ, асли дунявият ҳеҷ гоҳ моҳияти зиддидинӣ надошта, балки ҳамчун низоми таърихан озмудашудаи давлатдорӣ муносибтарин шакли танзими муносибатҳои дину давлат ва таъмини озодии эътиқод дар ҷомеа ба шумор меравад»,-иброз дошт И.Баротов.

Зикр шуд, ки давлати дунявӣ ҳеҷ гоҳ динро аз муҳити иҷтимоӣ берун насохта, балки дар муносибат ба дин ва эътиқодоти динӣ муносибати боэҳтиромона дорад. Давлат ҳеҷ гоҳ наметавонад нисбат ба дин, ки шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ ва яке аз унсурҳои муҳимтарини маънавиёту фарҳанги ҷомеа ва ҷаҳонбинии шаҳрвандонаш мебошад, бетафовуту беаҳамият бошад. Ба ин хотир дин ҳеҷ гоҳ дар чаҳорчӯбаи андешаҳои дунявият ҳамчун падидаи манфӣ мавриди арзёбӣ қарор намегирад.

Муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ваҳҳобзода зимни конфронс зикр кард, ки мавзӯъҳое, ки дар инҷо баррасӣ гардиданд, дар таҳкими дунявият, таҳаммулпазирии динӣ ва пешгирии андешаҳои ифротӣ миёни қишрҳои ҷомеа нақши созгор мегузоранд.
АМИТ «Ховар»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин