Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:59 – Дар Малайзия ҷомаи нодири таърихии Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳдорӣ мешавад 
  • 16:37 – Аввалин маротиба дар Тоҷикистон мусобиқаи минтақавӣ оид ба бадминтон баргузор мешавад 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 

Дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид

Дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид






















Дар «Майдони 800-солагии Москва»-и пойтахт даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон, фаъолзанон, чеварону ҳунармандон аз ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони ВАО иштирок намуданд, иттилоъ додааст, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе.

Зимни ифтитоҳи фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зикр намуд, ки «мақсади асосии баргузории фестивал- баланд бардоштани эхҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Баргузории ин фестивал имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳануз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд».

Дар Фестивал таъкид гардид, ки бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати чакандӯзӣ бо тамоми назокаташ бори дигар эҳё гардида, дар ҷаҳон шуҳрат пайдо намудааст. Чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои “Авасто”, “Шоҳнома” ва осори бисёре аз адибони гузашта маълумот дарёфт кардан мумкин аст. Ҳар нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва розҳои модарони тоҷикро дар худ инъикос месозад.
Дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид
Фестивали «Сад ранги чакан» аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимии чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарраву либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ иборат буд, ки аз ҷониби занону бонувони пойтахт пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.

Иштирокчиёни фаъоли фестивал бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар фестивал ҳунармандону санъаткорон бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз суруду тарона ва рақсҳои дилнишини ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон иборат буд, табъи ҳозиринро болида гардониданд.


Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2018 дар ҷаласаи 13 –уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, номинаи «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид. Дар ҷаласаи мазкур беш аз 800 нафар намоянда аз 120 давлати дунё иштирок доштанд, ки аксарияти онҳо номинаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуданд.

«Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст», — чунин муаррифӣ карда шудааст чакан дар сомонаи ЮНЕСКО.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин